Вохурии Ғафур Муҳсинзода бо мутахассисони Конфедератсияи Швейтсария

16-уми майи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода бо як гурӯҳ ҷарроҳону табибони оилавии шаҳри Олтени Конфедератсияи Швейтсария вохурӣ намуд.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ғафур Муҳсинзода сараввал меҳмононро ба бинои нави вазорат хайрамақдам гуфта, миннатдории роҳбарияти вазоратро барои ҳамкориҳои судманди дуҷониба дар раванди рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷониби Конфедератсияи Швейтсария изҳор намуд.

Қайд гардид, ки ҳадаф аз ташрифи мутахассисони Конфедератсияи Швейтсария ба Тоҷикистон-ин баррасии баимзорасонии ёддоштҳои тафоҳум дар самти кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба шумор меравад.

Дар идомаи вохурӣ ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳо дар дигар бахшҳои соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла табодули таҷриба дар самти ташхису муоина мубодилаи афкор намуда, ҳавасмандии хешро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои дуҷониба иброз доштанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ

Муаррифии лоиҳаи “Дастгирии чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ оид ба таъминоти микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ дар муассисаҳои тиббӣ”

Иштирок дар 24-умин Форуми глобалии ғизои кӯдакон

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ

Вохурӣ бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Search