Паёми табрикотии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо, аз ҷумла кулли табибон ва ҳамшираҳои шафқатро, ба ифтихори Рӯзи кормандони соҳаи тиб, ки ба солгарди Шайхурраис – олим ва мутафаккири бузурги тоҷик Абӯалӣ ибни Сино рост меояд, самимона табрик мегӯям.

Соҳаи тандурустӣ ба ҳайси яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми зиёда аз се даҳсолаи охир бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.

Бо таваҷҷуҳ ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии давлатии соҳаи тандурустӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисос, бунёди иншооти муосир ва таъмини онҳо бо таҷҳизоту технологияҳои муосири тиббӣ тадбирҳои мушаххас анҷом дода шуда истодаанд.

Ҷавобан ба ин, кормандони соҳаи тандурустии мамлакат дар муассисаҳои тиббии кишвар дар роҳи ҳифзи солимии мардум шабу рӯз заҳмат кашида, бо ҳисси баланди башардӯстӣ садоқати худро ба пешаи интихобнамудаи хеш нишон медиҳанд.

Изҳори боварӣ менамоем, ки кормандони соҳаи тандурустӣ ҳамеша вазифаи пурифтихори худро бо масъулияти баланд иҷро намуда, дар таъмини ободию рушди кишвар ва бунёди ҷомеаи солим саҳми назарраси худро мегузоранд.

Бори дигар ҳамдиёрони азиз ва тамоми кормандони соҳаи тандурустиро ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб табрик гуфта, тансиҳатӣ, комёбиҳои нав ва ба Тоҷикистони азизамон рушди устуворро орзумандам.

Рӯзи кормандони соҳаи тиб муборак!

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

ДАСТОВАРДИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Ба зиёда аз 100 нафар гирифтори бемории фарбеҳӣ ва оқибатҳои он амалиётҳои ҷарроҳии бариатрикӣ бомуваффақият гузаронида шуд

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Тоҷикистон

Рақамикунонии соҳа-талаби замон. Дар кишвар системаи иттилоотии бақайдгирии натиҷаҳои скрининги гарданаки бачадон ҷорӣ мешавад

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино боздид намуда, бо унвони “Профессори фахрӣ”-и донишгоҳи мазкур сарфароз гардиданд

Назорати раванди фаъолияти касбии кормандони миёнаи тиббӣ ва тақвиятбахшии масъалаҳои этика ва деонтолгияи тиббӣ

Search