Вокуниш: Бемории саратон бо шири гов табобат намешавад

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти беасоси ғайритиббӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки бо номи “Табобати саратон бо шири гов” ба нашр расидааст, мавриди баррасӣ қарор дода, чунин маълумот пешниҳод менамояд.

Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе чарх мезанад, ки гуё шаҳрванд Саидаҳмадов Аловиддин Раҷабалиевич, сокини н.Кӯшониён, ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол, деҳаи Гулзор табобати бемории саратонро бо истифода аз шири гов ёфтааст.

Дар ҳамин замина аз ҷониби мутахассасисони Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон, сармутахассисони ғайривоҳидии Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба бемориҳои саратоншиносӣ ва бемориҳои руҳӣ, навори мазкур дар ҳузури Саидаҳмадов Аловиддин Раҷабалиевич мавриди таҳлил қарор дода шуд.

Маълум гардид, ки Саидаҳмадов Аловиддин Раҷабалиевич ягон маълумоти олии тиббӣ ва иҷозатнома барои фаъолияти тибби халқиро надошта як нафар беморе, ки гуё ӯ табобат намудааст, танҳо бемории захми меъда (язва) доштаасту халос. Тавре аз суханони шаҳрванд бар меояд, тамоми усулҳое, ки дар зеҳни ӯ чарх мезананд, барои табобати беморон тавсия медиҳад.

Айни ҳол Саидаҳмадов Аловиддин Раҷабалиевич дар ҶДММ “Хатлонтранс”-и ш.Бохтар ба ҳайси мусофиркашон фаъолият менамояд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки маълумоти аз ҷониби шаҳрванд Саидаҳмадов Аловиддин Раҷабович дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда умуман асоси илмӣ надошта, аз ҳақиқат дур мебошад. Нашри ингуна изҳорот на танҳо хилофи стандартҳои тибби муосир аст, балки он метавонад боиси хатар ба саломатии беморон ва таъхири муроҷиати саривақтӣ ба мутахассисон гардад.

Чунки саратон як бемории ҷиддӣ ва мураккаб мебошад, ки табобати он танҳо бо усулҳои илмӣ асосёфта ва тибби муосир, аз ҷумла ҷарроҳӣ, химиотерапия, радиотерапия ва доруҳои ҳадафнок анҷом дода мешавад. Ягон маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла шири гов, наметавонад ҷойгузини табобати асосӣ бошад ва хусусан наметавонад бемориро пурра муолиҷа кунад.

Бояд гуфт, ки шири гов метавонад ҳамчун як унсури ғизоии муфид дар парҳези умумӣ бошад, вале таблиғ кардани он ҳамчун “табобати саратон” амали беасос, хатарнок ва ғайритиббӣ мебошад.

Мутаассифона, паҳн кардани чунин маълумоти нодуруст метавонад мардумро саргардон кунад ва беморонро аз гирифтани ёрии воқеии тиббӣ боздорад.

Дар ҳамин замина, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинони мамлакат эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки танҳо ба табибон ва муассисаҳои расмии тандурустӣ муроҷиат намоянд ва ҳеҷ гоҳ ба маслиҳатҳои шахсони тасодуфӣ дар интернет бовар накунанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои Барномаи рушди тандурустӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Рушди хизматрасонии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати Комиссия оид ба тандурустии Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин

Ҷорӣ намудани ҷарроҳии кошти ҳалзун барои беморони камшунаво ва ношунавои мутлақ

Ифтитоҳи бинои шуъбаи сироятӣ дар ноҳияи Қубодиён

Search