Оид ба омӯзиши чораҳо вобаста ба устуворӣ нисбати дорузои зиддимикробӣ бо мақсади таҳкими низоми тандурустии табобат мизи мудаввар доир гашт

Имрӯз, 5-уми ноябри соли 2025 дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омӯзиши чораҳо вобаста ба устуворӣ нисбати доруҳои зиддимикробӣ бо мақсади таҳкими низоми идоракунии табобат дар доираи муҳокимаи лоиҳаи Изҳори таваҷҷӯҳ ба Маркази байналмилалии ҳалли муқовимати зиддимикробӣ (ICARS) мизи мудаввар доир гашт, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломуддин Юсуфӣ, муовини вазир Абдухолиқ Амирзода, шарикон оид ба рушд, сардорони раёсату шуъбаҳои зерсохтори вазорат, роҳбарони як қатор муассисаҳои тиббию табобатии ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд.

Нахуст муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Саломуддин Юсуфӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро оид ба муҳокимаи лоиҳаи Изҳори таваҷҷӯҳ ҷиҳати кам кардани истифодабарии ғайримақсадноки доруҳои зиддимикробӣ ба воситаи ворид кардани барномаҳои идоракунии истифодабарӣ дар муассисаҳои тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуд.

Дар идомаи мизи мудаввар вобаста ба масъалаҳои ҳадаф ва ташаббусҳои ҷаҳонӣ ICARS, аҳамияти ICARS барои бахши тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чаҳорчӯбаи тадқиқоти дахолат ва татбиқи омӯзиши чораҳо, инчунин оид ба муайян кардани мушкилоти асосӣ, ки ба устуворӣ нисбат ба доруҳои зиддимикробӣ дар соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастаанд, таҳкими низоми идоракунии табобати зиддимикробӣ, тавоноии ташхисӣ, омӯзиши кормандони тиб ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар Тоҷикистон байни иштирокдорон моҳокимаронӣ сурат гирифт.

Дар ин замина, як қатор мутахассисони соҳа доир ба масъалаи мазкур бо маърӯзаҳо баромад карда, ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Аз рафти иҷрои Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар вилояти Хатлон натиҷагирӣ карда шуд

Вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон баррасӣ гашт

Ёвон: ба истифода додани Маркази саломатӣ дар ҷамоати деҳоти Норин

Ифтитоҳи Маркази ташхису табобатии “Луқмони Ҳаким” дар шаҳри Бӯстон

Баррасии се масъала дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат

Чорабинии иттилоотию маърифатӣ оид ба пешгирии бемории фарбеҳӣ

Search