Баргузории ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба рафти амалишавии лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон”

19 феврали соли равон дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва баррасии маблағгузории миллии тандурустӣ, захираҳои инсонӣ ва сиёсати рақамикунонӣ дар соҳаи тандурустии лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси кумита Дилрабо Мансурӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа роҳбарият ва намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати молия, Вазорати маориф ва илм, Вазорати адлия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, инчунин муовинони раисони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд иштирок намуданд. Ҳамзамон, намояндаи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» дар ҷаласа ҳузур доштанд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои зерин: шарҳи амалисозии қисми 2-и лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон», тасдиқи Нақшаи кори Кумита барои нимсолаи якуми соли 2026 ва масъалаҳои ҷорӣ ва вазифагузориҳо вобаста ба мушкилоти мавҷуда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар доираи баррасии қисми 2-и лоиҳа муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Юсуфӣ Саломуддин Ҷаббор ба аъзоёни кумита маълумоти муфассал пешниҳод намуда, зимнан таъкид намуд, ки ислоҳоти соҳаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба баланд бардоштани самаранокии шабака ва ҷорӣ намудани хариди стратегии хизматрасониҳо ва рақамикунонии соҳа равона шудааст.

Зимни баррасии масъалаи дуюми ҷаласа нақшаи фаъолияти лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” дар соли 2026 маврди муҳокима қарор дода шуд.

Баланд бардоштани сифати кумаки аввалияи тиббӣ тавассути таҳкими муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, сармоягузорӣ ба захираҳои кадрӣ ва ҳавасмандгардонии талабот ба хизматрасонӣ ва навсозии инфрасохтор ва рақамикунонии шабакаи кумаки аввалияи тиббӣ аз масъалаҳои калидие буданд, ки барои баррасӣ дар ҷаласаи оянда пешниҳод ва қабул гардиданд.

Таъкид гардид, ки амалисозии босамари лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» барои таҳкими низоми кумаки аввалияи тиббӣ, баланд бардоштани дастрасӣ ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва ҷорӣ намудани механизмҳои муосири идоракунӣ заминаи устувор фароҳам меорад.

Дар анҷоми ҷаласа масъулин вазифадор гардиданд, ки иҷрои саривақтии чорабиниҳои пешбинишударо таъмин намуда, ҳамоҳангсозии байниидоравиро тақвият бахшанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои Шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказиро мавриди истифода қарор доданд

Аслидин Раҷабов: тамоми таҷҳизотҳои муосире, ки дар соҳаи силшиносии кишварҳои пешрафтаи олам мавҷуд ҳастанд, дар кишвари мо низ дастрас мебошанд

Брифинг оид ба муаррифии технологияҳои рақамӣ барои назорати бемории сил

Баррасии масъалаҳои ҳалталаб дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ

Боздиди масъули вазорат аз муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд

Шиносоӣ бо ҷараёни дарсомӯзии донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ

Search