Рӯзи Модар муборак!

Занону бонувони азиз,

Дар ин лаҳзаҳои идона ва фараҳбахш бо камоли эҳтиром ва самимияти хоса тамоми занону бонувони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва кулли бонувони мамлакатро ба муносибати фарорасии яке аз ҷашнҳои зебову фархунда- Рӯзи Модар, ки ҳамасола дар кишвари азизамон санаи 8-уми март бо шукуҳу шаҳомати хоса қайд карда мешавад, табрику шодбош намуда, ба ҳар кадоми Шумо хушбахтиву саодатмандӣ, рӯзгори пур аз файзу баракат, осоиши хонадон ва дар кору фаъолияти минбаъдаатон барору муваффақиятҳои нав ба навро таманно менамоям.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 6 марти соли 2009 дар бораи Рӯзи Модар эълон намудани 8 март фармон ба имзо расониданд ва инак, соли 17-ум аст, ки дар Тоҷикистон Рӯзи Модар бо шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

Модар-чӣ калимаи бузургест, ки бо шуниданаш дар вуҷуди шахс эҳсоси нишоту шодмонӣ тавлид гашта, руҳи инсон оромиш меёбад.

Қобили зикри хос аст, ки Рӯзи Модар иди ҳар зан ва ҳар хонавода буда, бешубҳа, дар тарбияи аҳли ҷомеа нақши муҳим мебозад. Ин рӯзи саид инсонҳоро бори дигар ба бузургдошти Модар, эҳтирому гиромидошти шахси азизтарини ҳар кадоми мо ҳидоят менамояд.

Мусаллам аст, ки пояи асосии пойдорӣ ва оромии ҷомеа, бешубҳа ба зан вобаста аст, аз ин рӯ болида гардонидани руҳияи онҳо ба воситаи эҳёи ин ҷашн ба манфиати маънавии миллати тоҷик мебошад.

Рӯзи Модар ба хотири арҷмандӣ ва эҳтироми самимӣ нисбат ба занони покдомани миллат, тарбиядиҳандагони фарзандони солими Ватан, пайвастан ба ифтихору номуси миллӣ, эҳтиром гузоштан ба ин ҷашни зебои тақдимдоштаи аҷдоди пуршарафи худ ба модарон ва ниҳоят ба хотири худшиносӣ ва бедории миллӣ таҷлил карда мешавад.

Таърих гувоҳ аст, ки гузаштагони мо-тоҷикон ба мақому мартабаи Зан-Модар ҳамчун сарчашмаи ҳаёт ва оғозбахши зиндагии инсоният баҳои баланд дода, дӯст доштану эҳтироми онро ба ҷо овардан аз амалҳои бузурги инсонӣ маънидод кардаанд.

Вобаста ба бузургии Зан-Модар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: “Модарон на танҳо ояндаи фарзандони худ, балки ояндаи миллатро низ месозанд. Аз ин рӯ, таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробар барои модарон ва занон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлати мо мебошад”.

Ба гуфти Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Дар таърихи тамаддуни башар шоир, нависанда ё файласуферо пайдо кардан маҳол аст, ки дар васфи зан ва иззату эҳтироми ӯ сухане нагуфта бошад, зеро зан-модар сарчашмаи ҷовидонии ҳаёт ва манбаи эҷод аст. Ниёгони соҳибхиради мо барои наслҳои инсоният доир ба эҳтирому бузургдошти зан-модар суханҳои пурҳикмат ва пурарзиш ба ёдгор мондаанд”.

Боиси ифтихору сарфарозист, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти комили миллӣ дар доираи сиёсати оқилонаву дурандешонаи Пешвои маҳбуби миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалат ва ҷойгоҳи занону бонувон дар кишвар ба маротиб боло рафта, барои кору фаъолият ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсии мамлакат тамоми тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда шуданд.

Аз ин ҷост, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ пайваста роҷеъ ба бузургдошти модарони азиз ҳарф зада, ба мақому манзалати онҳо ҳамеша арҷ мегузоранд.

Дар ин замина, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 декабри соли 2025 зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд: “Мо нақши бонувону занон ва духтарони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем”.

Ҳамзамон, Сарвари давлат иброз доштанд, ки масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон ва тарбия кардану ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин намудани бонувону духтарони лаёқатманд дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва мо ин сиёсатро дар оянда низ идома медиҳем.

Маҳз натиҷаи дастгириву ғамхориҳои доимӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа буд, ки имрӯзҳо занону бонувон дар баробари мардон дар тамоми самту соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар фаъолияти пурсамар дошта, дар рушду пешрафти Ватани азизамон саҳми арзишманди хешро гузошта истодаанд.

Боиси сарфарозист, ки нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст.

Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд.

Имрӯзҳо саҳми занону бонувони мамлакат дар рушду пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар назаррас буда, иштироки фаъолонаи онҳо дар маҷмуъ баҳри рушду пешрафти Ватани азизамон баръало мушоҳида мегардад.

Дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ занону бонувон дар тамоми бахшҳо, чӣ дар соҳаи илм, чӣ дар соҳаи таълиму тарбия, чӣ дар бахшҳои ташхису табобат, аз ҷумла анҷом додани мураккабтарин амалиётҳои ҷарроҳӣ ва чӣ дар сатҳи роҳбарӣ айни ҳол бомуваффақият кору фаъолият намуда истодаанд, саҳми эшон низ дар пешрафти соҳа назаррас мебошад.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки занону бонувон минбаъд низ ҷавобан ба ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат тамоми кушишу талоши хешро баҳри гулгулшукуфоии Ватани азизамон равона месозанд.

Бо чунин таманниёти нек бори дигар ҳамаи Шумо занону бонувони азизро ба ифтихори фарорасии Рӯзи Модар аз самими қалб табрик гуфта, бароятон тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорам.

Ҳамеша тандурусту хонаобод бошед.

Бо камоли эҳтиром,

Ҷамолиддин Абдуллозода,

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Барои беморони саратони ғадуди зери меъда аввалин маротиба дар кишвар ба воситаи таҷҳизоти видеоэндоскопӣ ҷарроҳӣ гузаронида шуд

Ба истифода додани Корхонаи истеҳсоли сӯзандору ва система барои доруи қатрагии ҶДММ «Сино медикал» дар шаҳри Истаравшан

Ӯзбекистон: иштироки мутахассисони тоҷик дар даври омӯзишӣ дар самти такмили ихтисоси менеҷмент ва идоракунӣ дар соҳаи тандурустӣ

ХИЗМАТРАСОНӢ БА БОШАНДАГОН БЕҲТАР МЕГАРДАД. Дар Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор шуъбаи тавонбахшӣ ба истифода дода шуд

Баррасии чор масъала дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат

Тағироти кадрӣ дар Донишгоҳи тиббӣ

Search