Бо мақсади беҳтар намудани дарёфт ва назорати алоқамандони бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 17-уми марти соли равон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҷаласаи навбатии назоратии сайёр баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода, роҳбарони муассисаҳои соҳавӣ, масъулини соҳа, намояндагони марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, зиддисилӣ ва шабакаи муассисаҳои КАТС-и шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.

Ҷаласаро муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода ифтитоҳ намуда, доир ба ҳадаф ва мақсад аз баргузории чорабинӣ суханронӣ кард.
Дар ин замина, қайд карда шуд, ки ҳадафи баргузории ҷаласа моҳиятан баррасӣ намудан ва ба таври васеъ муҳокима намудани натиҷаҳои татбиқи тавсияҳое, ки дар ҷаласаҳои ҳамоҳангсозии қаблӣ муайян гардида буданд, инчунин таҳлили натиҷаҳои ба даст омада оид ба таҳкими ҳамкории байниидоравии сохторҳои вилоятӣ ва ноҳиявии марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, зиддисилӣ ва шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ҷиҳати беҳтар намудани раванди назорат ва дарёфти шахсони дар тамосбуда бо бемории сил мебошад.

Дар идомаи ҷаласа маълумотномаи Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар бораи раванди иҷрои тавсияҳое, ки дар ҷаласаи ҳамоҳангсозии байниидоравӣ дар санаи 5 сентябри соли 2025 муайян гардида буданд: чораҳои андешидашуда, натиҷаҳои бадастомада, мушкилиҳо, тавсияҳо ва нақшаҳои минбаъда, маълумотномаи Муассисаи давлатии «Маркази вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил»: таҳлили натиҷаҳои санҷиш оид ба ҳолати дарёфт ва назорати вазъи саломатии шахсони дар тамос буда, таҳкими ҳамкориҳо бо шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, маълумотномаи Маркази вилоятии назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ доир ба маҷмуи чорабиниҳо ҷиҳати беҳтар намудани раванди саривақт ва самаранок гузаронидани таҳлилҳои эпидемиологӣ, назорати вазъи саломатии шахсони дар тамосбуда, ҳамоҳангсозии байниидоравӣ шунида шуданд.
Дар рафти ҷаласа ҳамзамон як қатор масъалаҳои муҳими соҳа низ аз ҷониби иштирокчиён мавриди муҳокимаронии ҳамаҷониба қарор дода шуда, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.


