Имрӯз, 31-уми марти соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саломуддин Юсуфӣ бо як гурӯҳ намояндагони Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо ва таҳияи лоиҳаҳои муштараки тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, вохурӣ намуд.
Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саломуддин Юсуфӣ меҳмононро барои ташриф ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, аз ҳамкориҳои судманди ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ ёдовар шуд.
Қайд карда шуд, ки давоми солҳои охир дар баробари дигар самтҳои ҳаётан муҳим ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ низ рушду пешрафт намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст.
Тавре зикр гардид, ҳадафи сафари намояндагони Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо муҳокимаи лоиҳаҳои ҷорӣ, балки таҳияи қадамҳои минбаъда барои рушди инфрасохтори тиббӣ, аз ҷумла сохтмон ва навсозии муассисаҳои тиббӣ мебошад.
Ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳои судманди дуҷониба дар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуда, ҳавасмандии хешро дар ин самт иброз доштанд.
Дар поёни вохурӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба бо иштироки намояндагони ҶСП «Беҳдоштӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Беморхонаи мардумии Вилояти Мухтори Синзян-Уйғур ва Ширкати саноат ва тиҷорати Синзян-Санбаои Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расид.


