Ҷамолиддин Абдуллозода бо мудири Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) барои Аврупо Ҳанс Ҳенрӣ Клюге вохурӣ намуд

Дар доираи иштирок дар ҷаласаи 9-уми вазирони тандурустии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон доир гашт, 20-уми апрели соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо мудири Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) барои Аврупо Ҳанс Ҳенрӣ Клюге вохурӣ намуд.

Зимни вохурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барои дастгириҳои пайвастаи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Қайд карда шуд, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ яке аз шарикони боэътимод ва муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши тандурустӣ ба шумор рафта, айни ҳол ҳамкории мутақобилан судманди кишвар бо ин ташкилоти бонуфӯз дар сатҳи хуб қарор дорад.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода иброз дошт, ки маҳз дар натиҷаи татбиқи сиёсати оқилона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар маркази диққати давлат ва Ҳукумат қарор дошта, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар мамлакат тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ шуда истодаанд.

Дар навбати худ, мудири Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) барои Аврупо Ҳанс Ҳенрӣ Клюге аз ҳамкориҳои ин созмони бонуфӯзи тандурустӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуд.

Дар ҷараёни вохурӣ ҳарду ҷониб вобаста ба густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуда, баҳри боз ҳам густариш бахшидани ҳамкориҳо ҳавасмандии хешро иброз доштанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Баррасии масъалаҳои пешгирӣ, дарёфти саривақтӣ ва назорати диабети қанд ва фишорбаландии шараёнӣ тавассути тавонбахшии системаи КАТС

Саломуддин Юсуфӣ бо раванди хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва корҳои таъмирии Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Воҳидов Бурӣ шинос гашт

Ифтитоҳи Беморхонаи клиникии рақами 1 дар шаҳри Хуҷанд ва ба таври фосилавӣ ба истифода додани ду маркази саломатӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Баррасии се масъала дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат

“Расонидани ёрии аввалияи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: натиҷаҳои асосии татқиқоти нишондиҳандаҳои хизматрасонии тандурустӣ барои солҳои 2024-2025”

Ба роҳ мондани табодули таҷриба бо мутахассисони хориҷӣ дар самти бартарафсозии нуқсонҳои кори номураттаби дил

Search