Баргузории ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 23-юми апрели соли равон дар толори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саломуддин Юсуфӣ, муовинони вазир Зулфия Абдусаматзода, Ҳабибулло Хайруллозода, ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» Нуриддин Муҳиддин, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Убайдулло Қурбон, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулло Сафарзода, сардори Хадамоти экспертизаи тиббию иҷтимоӣ Шералӣ Амиршозода, роҳбарони хадамотҳои соҳавӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон, директорони коллеҷҳои тиббии ҷумҳуриявӣ, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва як қатор марказҳои саломатии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Ҷаласаро муовини якуми вазир Саломуддин Юсуфӣ ифтитоҳ намуда, суханро ба намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дод.

Зимни суханронӣ намояндаи Агентии мазкур оид ба рафти татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ маълумот пешниҳод намуд.

Дар идомаи ҷаласа масъалаи «Доир ба ба ҷойи кор ҳозиршавии хатмкардагони солҳои таҳсили 2022–2023 Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино” ва хатмкардагони солҳои таҳсили 2023–2025 коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Доир ба масъалаи мазкур сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми вазорат Шаҳло Ашуриён баромад намуд.

Тибқи маълумот, дар соли 2025 аз ҳисоби хатмкардагони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон 623 нафар мутахассисон ба ҷойи кор равона гардида, аз онҳо 93,2 фоиз ба ҷойи кори таъйиншуда ҳозир шудаанд, ки нисбат ба соли гузашта 0,4 фоиз зиёд мебошад.

Ҳамзамон, дар баробари натиҷаҳои мусбат, масъалаҳои марбут ба саривақт ҳозир нашудани қисми хатмкунандагон, норасоии мутахассисон дар баъзе минтақаҳо ва риоя нагардидани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ зимни қабули кормандони тиббӣ мавриди таҳлил қарор дода шуданд.

Зимни ҷаласа ба роҳбарони сохторҳои соҳавӣ ҷиҳати пурзӯр намудани назорат, таъмини шаффофияти тақсимоти кадрҳо, ҷалби мутахассисони ҷавон ба ҷойҳои корӣ ва беҳтар намудани ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳо бо ташкилотҳои таълимӣ супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Таъкид гардид, ки масъалаи таъмини муассисаҳои тиббӣ бо кадрҳои соҳибтахассус ҳамеша таҳти назорати ҷиддии роҳбарияти вазорат қарор дорад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои Барномаи рушди тандурустӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Рушди хизматрасонии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати Комиссия оид ба тандурустии Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин

Ҷорӣ намудани ҷарроҳии кошти ҳалзун барои беморони камшунаво ва ношунавои мутлақ

Ифтитоҳи бинои шуъбаи сироятӣ дар ноҳияи Қубодиён

Search