25-уми апрели соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода ҷаласаи корӣ доир гашт, ки дар он сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат, муҳосибон ва сармуҳосибони муассисаҳои тандурустии зерсохтори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштанд. Инчунин, муҳосибону сармуҳосибони муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба тариқи онлайн дар ҷаласаи мазкур иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи ҷаласа Абдухолиқ Амирзода иброз дошт, ки соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмин намудани солимии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ҳамаи чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.

Қайд гардид, ки имрўз соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои пешбурди сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат тавассути мукаммалсозии заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, бартараф намудани омилҳои бавуҷудоварандаи хавфҳои коррупсионӣ, фароҳам намудани инфрасохтори мусоиди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва таъминоти кадрии соҳавӣ фаъолиятро идома дода, ҷиҳати беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат, саривақтӣ ва баландихтисоси тиббию иҷтимоии муосир чорабиниҳои мушаххасро анҷом дода истодааст.
Дар ин замина, зикр гардид, ки дар баробари пешравиҳо яке аз масъалаҳое, ки боиси ташвиш гаштааст, ин даст задани кормандони соҳа ба омилҳои коррупсионӣ мебошад.
Дар робита ба масъалаи мазкур Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоишҳои вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар бораи тасдиқи “Нақша-чорабиниҳои татбиқи “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои соли 2026”, “Нақшаи амал вобаста ба баҳодиҳӣ ва бартараф намудани хавфҳои коррупсионӣ барои солҳои 2025-2026» ва “Нақша-чорабинӣ вобаста ба амали намудани Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030” тасдиқ гардида, онҳо мавриди иҷро қарор доранд.
Ҳамзамон, бо мақсади андешидани чораҳои иловагӣ оид ба пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо коррупсия дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Нақшаи чорабинии муштарак бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 тасдиқ гардида, барои таъмини иҷро ба муассисаҳои зерсохтори вазорат ирсол карда шудааст.
Дар идомаи ҷаласаи корӣ Шарифов Зайнулло, сардори Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ” ва инчунин Рабиев Шералӣ, сардори шуъбаи ҳуқуқ, Эсанов Абдухалил, сардори шуъбаи баҳисобгирӣ ва муҳосибавӣ ва Маҳмадӣ Одиназода, сардори шуъбаи аудити дохилии вазорат низ доир ба масъалаҳои баррасишуда баромад карданд.
Дар анҷоми ҷаласа ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа аз ҷониби муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.


