Ба Беморхонаи Марказии ноҳияи Тоҷикобод дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ тақдим гардид

29-уми апрели соли равон дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) дар Тоҷикистон ба Беморхонаи марказии ноҳияи Тоҷикобод як қатор дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз ҷумла дастгоҳи рентгени рақамӣ, дастгоҳи ташхиси ултрасадоӣ (УЗИ) ва дигар таҷҳизотҳои зарурӣ тақдим гардид, ки дар рафти супоридани расмии онҳо намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ва масъулини соҳаи тандурустии ноҳияи Тоҷикобод ширкат доштанд.

Намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Бандаев ба роҳбарияти Намояндагии доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон барои ҳамкориҳои судманд ва дастгириҳои доимии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар изҳори миннатдорӣ баён кард.

Тавре қайд гардид, ин кумаки техникӣ аз ҷониби намояндагии барномаи мазкур дар Тоҷикистон бо назардошти осеби сокинони ноҳияи Тоҷикобод ва дигар ноҳияҳои манотиқи мазкур, ки соли гузашта дар натиҷаи офати табиӣ зарар дида буданд, расонида шуд.

Дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ имкон медиҳанд, ки сокинони ноҳияи Тоҷикобод ва дигар ноҳияҳои минтақа бо ташхису муоинаи муосири тиббӣ боз ҳам дастрасӣ пайдо намуда, дар маҳалли зисти худ аз хизматрасонии босифати тиббӣ бархурдор гарданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» қабул гардид

Ворид гардидани усулҳои нави ҷарроҳӣ дар шараёнҳои майнаи сар

Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ

Ҷаласаи гурӯҳи кории доимоамалкунанда доир ба ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдоштаи назди Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

РЕФЕРЕНСӢ. Соли 2024 ба зиёда аз ду ҳазор нафар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба тариқи ройгон ташхисҳои озмоишгоҳӣ гузаронида шуд

Ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи экспертизаи тиббӣ-судӣ густариш меёбад

Search