Нахустин ҷаласаи Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нуфус ва рушд баргузор гашт

17-уми июни соли 2026 дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ”-и шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Намояндагии Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид (ЮНФПА) дар Тоҷикистон ҷаласаи якуми Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нуфус ва рушд баргузор гардид, ки дар он намояндагон аз вазорату идораҳои алоқаманд ширкат варзиданд.

Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аҳолӣ ва рушд дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2026, таҳти №169 таъсис дода шудааст, ки Раисии онро Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бар уҳда дорад.

Дар ҷаласаи якуми кори комиссия Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муовини Раиси Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нуфус ва рушд маърӯза намуда, оид ба Низомномаи Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нуфус ва рушд: ҳадаф, вазифа, ваколат, ҳуқуқу уҳдадориҳои Комиссия, тартиби кор ва ҳайати Комиссия ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуд.

Номбурда иброз дошт, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамкории зичи мақомоти давлатӣ ва дастгирии шарикони рушд метавон минбаъд низ саломатии аҳолиро тақвият бахшида, рушди устувори кишварро таъмин сохт.

Ҳамзамон, дар рафти ҷаласа доир ба лоиҳаи пешакии харитвм роҳи Комиссия барои соли 2026 ва давраи минбаъда, тартиби такмили минбаъдаи он муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Рухшона Насриддинзода маълумот пешниҳод кард.

Ҳамин тавр, аз ҷониби Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нуфус ва рушд ҷиҳати дар муҳлати муайянгашта пешниҳод намудани тағйироту иловаҳо ба Низомномаи Комиссия ба масъулин дастур дода шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ

Муаррифии лоиҳаи “Дастгирии чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ оид ба таъминоти микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ дар муассисаҳои тиббӣ”

Иштирок дар 24-умин Форуми глобалии ғизои кӯдакон

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ

Тағироти кадрӣ дар Донишгоҳи тиббӣ

Search
爱思助手汽水音乐下载易歪歪汽水音乐telegramtelegram下载tg下载telegram