Иштирок ва суханронии Ҷамолиддин Абдуллозода дар маросими хатми ботантанаи донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ

Имрӯз, 25-уми июни соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино маросими хатми тантанавии 2107 нафар донишҷӯёни ин донишгоҳ ва супоридани Дипломи аъло ба хатмкунандагони фаъол баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Нуриддин Муҳиддин, ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ, хатмкунандагону донишҷӯён ва волидайну меҳмонон иштирок намуданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии хеш ҳамаи хатмкунандагон, волидони онҳо ва устодону донишҷӯёни ин даргоҳро ба ифтихори ин рӯзи фархунда табрику шодбош намуда, ба кору фаъолияти минбаъдаи табибони ҷавон барору муваффақият таманно намуд.

Дар идомаи суханронӣ номбурда ба хатмкунандагон муроҷиат намуда, иброз дошт, ки “воқеан давраи донишҷуӣ барои ҳар як ҷавони ҳушманд марҳилаи муҳимтарини ҳаёт маҳсуб меёбад ва ман ифтихормандам, ки Шумо бо азму иродаи мустаҳкам ва нияту орзуҳои нек ба ин таълимгоҳи муқаддас қадам гузошта, душвориҳои аввалини касбомӯзиро дилпурона пасисар кардед. Имрӯз ҳар кадоми Шумо метавонед ифтихор намоед, ки аз санҷиши аввалини ҳаёт бомуваффақият гузашта, ба фаъолияти мустақилонаи касбии худ роҳи васеъ кушодаед”.

Қайд гардид, ки хатмкардагони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино заминаи устувори кадрии бисёр муассисаҳои пешқадами тиббии на танҳо Тоҷикистон, балки як қатор муассисаҳои тандурустии давлатҳои ба мо дӯсти хориҷӣ маҳсуб меёбанд.

Дар ин замина, иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2026 ин донишгоҳро 2107 нафар хатм менамоянд, ки 378 нафари онҳо шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.

Гуфта шуд, ки сол то сол сатҳи дониш ва малакаи хатмкунандагони ин даргоҳи олии таълимӣ боло меравад, ки ин аз талошу заҳматҳои хастанопазири устодони ин даргоҳи олӣ гувоҳӣ медиҳад.

Нуриддин Муҳиддин, ректори донишгоҳи мазкур аснои суханронии хеш аз сиёсати маорифпараваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, изҳори умед намуд, ки хатмкардагони ин даргоҳи олии таълимӣ ҳамчун ворисони арзандаи Синои бузург қасами табибӣ ва номи пуршарафи табибиро пос медоранд.

Ҳамин тавр, ба як қатор хатмкунандагони фаъоли ин даргоҳ Дипломи аъло тақдим карда шуд.

Дар анҷоми чорабинии тантанавӣ як қатор донишҷӯён ва волидони онҳо баромад карда, барои дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат изҳори сипосу миннатдорӣ баён карданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ вобаста ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ

Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатии шаҳраки Курушкада мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Баррасии рафти иҷрои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” дар шаҳри Душанбе

Ҷаласаи Шўрои назоратии аккредитатсияи тиббии муассисаҳои тандурустӣ баргузор гашт

Аз фаъолияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд

“Ҳафтаи пешгирии саратони гарданаки бачадон”

Search