Ҷаласаи шӯрои машваратии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргузор гашт

Имрӯз, 8-уми октябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи шӯрои машваратии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба натиҷагирӣ аз фаъолияти  агентии мазкур дар 9 моҳи соли ҷорӣ баргузор гашт, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулҳаким Холзода, намояндагони КВД БА ҶТ “Амонатбонк”, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе,  сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат ва роҳбарони муассисаҳои зерсохтори агентӣ иштирок намуданд.

Қайд гардид, ки Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти кории худро  дар партави дастуру супоришҳои  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри  соли 2023 баёнгардида ва дар заминаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  марбут ба соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, стратегияву барномаҳои амалкунада ба роҳ монда, дар робита ба иҷрои супоришҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомнома, Нақшаи кории Раёсат ва Агентӣ дар давоми нуҳ  моҳи соли 2024 як қатор корҳои назаррасеро ба анҷом расонид.

Гуфта шуд, ки айни замон дар номгӯи муассисаҳои системаи Агентӣ 11 муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ, аз ҷумла 7 муассисаи будубоши доимӣ (хона-интернатҳо) ва 3 истироҳатгоҳу 1 осоишгоҳ, 43 адад марказу шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, 6 адад марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ шомил мебошанд.

Ҳамзамон, тибқи шартнома бо Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 58 адад марказҳои хизматрасонӣ  фаъолият доранд, ки  аз тарафи  ташкилотҳои ҷамъиятӣ  таъсис дода шудаанд.

Дар давоми соли ҷорӣ ҷиҳати  таъмини иҷрои Барномаи маҷмӯии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030 (марҳилаи якум то соли 2024) вобаста ба муайян намудани сатҳи дониш ва малакаи кории кормандони муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии зертобеъи Агентӣ, донистани  санадҳои меъёри ҳуқуқӣ вобаста ба самти фаъолият, тақвият  бахшидан ба фаъолияти корӣ, такмил додани дониши кормандони муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (аз ҷумла шартномавӣ) ва ҷалби онҳо ба курсҳои такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва ҷобаҷогузории кадрҳо фармоиши директори Агентӣ аз 15 феврали соли 2023, №10  ба тасвиб расида, чорабинии мазкур тибқи ҷадвали тасдиқгардида давра ба давра дар муассисаҳои давлатии хона-интернатҳо дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии таълимии  “Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуда истодааст.

Ҳамин тавр, зимни ҷаласаи шӯрои машваратӣ фаъолияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар 9 моҳи соли равон таҳлилу баррасӣ гардида,  ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта аз ҷониби муовини вазир Шодихон Ҷамшед ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Боздиди Абдухолиқ Амирзода аз беморхонаҳои марказии шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода

«Муҳофизати биологӣ ва бехатарии биологӣ дар озмоишгоҳҳо»

Ташкил ва баргузории ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар вазорат

Ҷаласаи ҷамъбастии лоиҳаи «Дастгирии расонидани ваксинаҳои зидди COVID-19  дар доираи Фонди дастрасии ваксина дар Осиё ва Уқёнуси Ором» 

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз роҳҳои расидан ба ҷомеаи шаҳрвандист

Иштироки намояндаи вазорат дар маҷлиси солонаи Бюрои минтақавии аврупоии ТУТ оид ба омодагӣ ба пандемияи зуком

Search