Ба истфода додани шуъбаи дастгирии ҳамаҷонибаи оила ва кӯдак дар Маркази саломатии шаҳри Конибодом

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи саломатии модару кӯдак яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ ба шумор меравад. Дар ин самт бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои соҳибистиқлолии давлатӣ бо мақсади беҳтар намудани дастрасии хизматрасонии тавонбахшӣ ба кӯдакон якчанд муассиса ва шуъбаҳои нав дар соҳаи ҳифзи саломатии кӯдакон сохта ва ба истифода дода шудаанд.

Фароҳам овардани шароит барои некуаҳволӣ ва инкишофи кудакон яке аз вазифаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба татбиқи ҳуқуқҳои кӯдак таваҷҷӯҳи хоса дода, ҷиҳати тасвиби Конвенсия ва ҳуқуқҳои маъюбон як қатор тадбирҳо андешида истодааст.

16-уми феврали соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази саломатии шаҳри Конибодом” маросими ифтитоҳи шуъбаи дастгирии ҳамаҷонибаи оила ва кӯдак баргузор гашт, ки дар расми ифтитоҳи он Аминов Обидҷон, сардори шуъбаи кудакону наврасон ва рушди малакаи волидайни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Чумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Артур Ван Дизен, роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон, Ҷураева Манзура, роҳбари Фонди хайриявии «Музаффар», Ҳоҷибоев Маъруфҷон, сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд ва кормандони Маркази саломатии шаҳри Конибодом ширкат варзиданд.

Қобили зикр аст, ки шуъбаи мазкур бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва хифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумаку дастгирии Фонди хайриявии «Музаффар» ва дар ҳамкорӣ бо Намояндагии Хазинаи кудакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Тавре гуфта шуд, фаъолияти шуъбаи мазкур се соҳаи муҳим – тандурустӣ, маориф ва ҳифзи иҷтимоиро бо ҳам муттаҳид менамояд ва нақши калидии онро муносибати ба оила асосёфта ташкил медиҳад.

Ифтитоҳи шуъбаи навбатии дастгирии ҳамаҷонибаи оила ва кӯдак барои фаро гирифтани ҳар як кӯдак дар ҷойи истиқомати онҳо мусоидат намуда, яке аз роҳҳои асосии пешгирии ҷойгир намудани кӯдакон дар муассисаҳои будубоши доимӣ ва ё ҷудошавии кӯдак аз оила нақши муҳимро мебозад ва ба беҳтар намудани сифати зиндагии ҳаёти кӯдак таъсири мусбӣ мерасонад.

Қобили зикр аст, ки дар солҳои охир аз тарафи Фонди хайриявии «Музаффар» чорабиниҳои зиёд дар самти дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат, ташхис ва дарёфти саривақтии беморон, алалхусус беморони гирифтори саратон, бо таҷҳизоти замонавӣ ҷиҳозонидани муассисаҳои тиббӣ, фарогирии маъюбон бо таҷҳизоти ассистивӣ ва ғайра баргузор шуда истодааст. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ минбаъд низ ҳамкориҳоро бо Фонди мазкур дар самти таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ, махсусан саломатии модарону кӯдакон идома хоҳад дод.

Лозим ба ёдоварист, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат барои ҳамаи кӯдакон, алалхусус кӯдакони дорои эҳтиёҷоти махсус ва маъюбиятдошта хизматрасонии маҷмӯиро ташкил ва инкишоф дода истодааст. Ҳамин тариқ, вазорат ҳуқуқҳои кӯдакро ба ҳаёт, шукуфоӣ ва рушди ӯ мутобиқи Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак амалӣ намуда, дар рушди инфрасохтор ва хизматрасониҳо ҷиҳати тасвиби Конвенсия ва ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдошта саҳм мегузорад.

Барои расидан ба ҳадафҳои дар ин самт гузошта саҳми шарикони рушд, аз ҷумла Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) низ хеле калон мебошад, ки солҳои тулонӣ барои рушди бармаҳали кӯдак, дахолати саривақтӣ ва таъсиси чунин шӯъбаҳо дар ҷумҳурӣ корҳои назаррасро анҷом дода истодааст.

Дар маҷмӯъ, бо мавриди истифода қарор гирифтани чунин шуъбаи замонавӣ сатҳу сифати хизматрасонии солимгардонӣ ва тавонбахшӣ ба кӯдакон дар шаҳри Конибодом боз ҳам хубтару беҳтар хоҳад гашт.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» қабул гардид

Ворид гардидани усулҳои нави ҷарроҳӣ дар шараёнҳои майнаи сар

Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ

Ҷаласаи гурӯҳи кории доимоамалкунанда доир ба ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдоштаи назди Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

РЕФЕРЕНСӢ. Соли 2024 ба зиёда аз ду ҳазор нафар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба тариқи ройгон ташхисҳои озмоишгоҳӣ гузаронида шуд

Теҳрон: Иштироки ҷарроҳони тоҷик дар Х1Х-умин конгресси байналмилалии ҷарроҳӣ

Search
爱思助手汽水音乐下载易歪歪汽水音乐telegramtelegram下载tg下载telegram