Баррасии чор масъала дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат

Имрӯз, 30-юми декабри соли равон дар бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулҳаким Холзода, роҳбарони хадамотҳои соҳавӣ, сардорони раёсат ва шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, роҳбарони муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.

Нахуст дар ҷаласа вобаста ба шарҳу баррасии нуқтаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода баромад кард.

Зикр гардид, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 28-уми декабри соли равон доир гашт, фарогири тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар ба шумор рафта, дар он муваффақияту дастовардҳо ва мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи тамоми бахшҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, ҳамзамон дурнамои рушди онҳо муайян карда шуданд.

 Дар баробари дигар самтҳо, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани фаъолияти босамари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида истодааст.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар соли 2025-ум барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 840 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

«Тайи чанд соли охир мо бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро, ки кормандони он дар шароити бисёр номусоид фаъолият мекарданд, инчунин, биноҳои ду муассисаи бузурги таҳсилоти олии тиббӣ – Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббӣ дар вилояти Хатлонро бо беҳтарин шароит бунёд карда, ба истифода додем.

Инчунин, даҳҳо беморхона ва дигар муассисаҳои тиббиро, ки 70 – 80 сол пеш сохта шуда буданд, таҷдиду азнавсозӣ ва бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин намудем»,-зикр гардид дар Паём.

Дар Паём гуфта шуд, ки умуман, дар 33 соли соҳибистиқлолӣ, ғайр аз таъмиру таҷдиди муассисаҳои мавҷудаи соҳаи тандурустӣ, бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо 3076 муассисаи нави тиббӣ бунёд карда шуд.

Бо вуҷуди корҳои амалигардида, ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ пурра бартараф намудани мушкилоту масъалаҳои муассисаҳои тандурустӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Инчунин, қайд карда шуд, ки тайёр намудани мутахассисон ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ яке аз масъалаҳои асосӣ ва афзалиятноки соҳаи тандурустӣ мебошад.

-Ман зимни вохӯриҳои худ масъалаҳои норасоии мутахассисон, паст будани сифати доруворӣ ва истифодаи самараноки таҷҳизоти ҳозиразамони тиббиро борҳо таъкид карда будам,-иброз доштанд зимни ироаи Паёми хеш Роҳбари давлат.

Дар ҳамин замина, таъкид гардид, ки роҳбарону масъулони соҳа вазифадоранд, ки барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, таъмин намудани рушди бомароми соҳа ва тарбияи кадрҳои баландихтисос тадбирҳои зарурӣ андешида, хизматрасонии босифати тиббӣ ва фаъолияти босамари муассисаҳои тиббиро таъмин намоянд.

Пешниҳод карда шуд, ки шуруъ аз 1 сентябри соли 2025 бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мамлакат ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар баробари дигар кормандони соҳаҳои гуногун маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ ва муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ низ 20 фоиз зиёд карда шавад.

Дар маҷмӯъ, Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсоз ва роҳнамо барои ҳар фарди худшиносу худогоҳи мамлакат ба шумор рафта, баҳри муайян намудани фардои дурахшони Ватани азизамон нақши муҳим хоҳад гузошт.

Баъдан, дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат чор масъала-«Рафти иҷроиши “Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2024”,  “Ҷараёни иҷрои “Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.02.2021, №50 тасдиқ шудааст”, “Рафти иҷрои консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои соҳавии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар соли 2024” ва “Таҳлили воқеии кӯмак ва хизматрасониҳои бемориҳои сутунмӯҳра дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (новобаста ба шакли моликият ва тобеияти идоравӣ)” мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Доир ба масъалаи якум-“Ҷараёни амалисозии «Барномаи миллии коммуникатсионии 1000-рӯзи аввали ҳаёти кӯдак барои солҳои 2020-2025», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020, №292 тасдиқ шудааст” сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи вазорат Набиев Зоҳир Нарзуллоевич баромад намуд.

Тавре зикр гардид, ҳифзи саломатии модару кӯдак яке аз масъалаҳои афзалиятноки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ҳисоб меравад.

Иттилоъ дода шуд, ки  “Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2024” санаде мебошад, ки тағйироти меъёрҳои иҷтимоӣ ва рафториро нисбати рушди кӯдакони синни то 2 сола дар Тоҷикистон муайян мекунад.

Мавриди зикр аст, ки дар барномаи мазкур имкониятҳои асосӣ барои тағйири рафтор дар давраи ҳомиладорӣ, яъне аз рӯзи аввали ҳомиладорӣ то таваллуди кӯдак, ҳафтаи аввали ҳаёт (то 7-рӯзагӣ), 40 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак (8-40 рӯзагӣ), 6 моҳи аввали ҳаёти кӯдак (аз 1 то 6 моҳагӣ) аз 6 то 24 моҳи аввали ҳаёти кӯдак мушаххас шарҳ дода шудааст. Ноилшавӣ ба ҳадафҳои мушаххаси Ассамблеяи тандурустии ҷаҳонӣ ҷиҳати коҳиш додани шумораи кӯдакони синни то 5 сола, ки ба ақибмонии қадкашӣ гирифторанд, ба 40% то соли 2025 ва мақсаду стратегияҳои  Ҳаракати умумиҷаҳонӣ оид ба беҳтаркунии сифати ғизо дар Тоҷикистон вобаста ба коҳиш додани сатҳи қадпастӣ ба 17% то охири соли 2024 мебошад. Аз ин лиҳоз, қайд кардан бамаврид аст, ки 1000 рӯз аз лаҳзаи ҳомилашавӣ то синни 2-солагӣ, давраи муҳимтарин барои расонидани таъсири мусбӣ ба рушди зеҳнӣ ва ҷисмонии кӯдак мебошад.

Дар мавзӯи  “Ҷараёни иҷрои  «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдашудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.02.2021, №50 тасдиқ гардидааст”,  директори Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО Сатторов Сафархон маълумот пешниҳод намуд.

Зимни пешниҳоди мавзуи мазкур масъалаву мушкилотҳои ҷойдоштаи соҳа таҳлилу баррасии амиқ қарор дода шуданд.

Инчунин,  доир ба масъалаи   “Рафти иҷрои консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои соҳавии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар соли 2024” сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Қурбонов Қудратулло Бобихолович баромад кард

Гуфта шуд, ки дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ҳолати 30 декабри соли 2024 ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатии зерин қабул гардида, амал мекунанд.

Инчунин, дар ин давра лоиҳаи як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардида, дар сатҳи мувофиқа бо дигар вазорату идораҳо қарор доранд, аз ҷумла “Консепсияи рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он”, “Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040”, “Барномаи маҷмуии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои он”, “Барномаи тавонбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоии ноболиғони дар муассисаҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ва ё маҳдуд кардани озодӣ адои ҷазонамуда барои солҳои 2020-2024» ва “Барномаи барқарорсозӣ, ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқсозӣ ва бо ҷойи кору таҳсил таъмин намудани занону кӯдакони аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ баргардонидашуда барои солҳои 2023-2027 ва Нақшаи амали он барои солҳои 2023-2025” дар таҳрири нав мебошанд.

Дар робита ба масъалаи чоруми ҷаласа, яъне “Вазъи кӯмак ва хизматрасонӣ ба бемориҳои сутунмуҳра дар муассисаҳои ҷумҳурӣ” директори Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои сутунмӯҳра” Исмоилзода Қ., баромад намуд.

Дар ин замина, қайд карда шуд, ки ба Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои сутунмӯҳра” дар соли ҷорӣ  2208  нафар беморон муроҷиат намуданд, ки  аз онҳо 1031 нафар беморон бистарӣ шуда, 1177 нафари онҳо табобати амбулаторӣ қабул намуданд. Аз беморони бистаришуда ба 564 нафари онҳо амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шудааст, ки фаъолияти  ҷарроҳӣ 56,7%-ро ташкил медиҳад. Дар муқоиса ба соли гузашта беморони ҷарроҳишуда 343 нафар зиёд мебошад. Дар байни бемориҳои ҷарроҳишуда 4 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла 2 нафар аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва 2 нафар аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошанд.          

Дар идома ҳамзамон сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВКМБ, вилоятҳои Суғду Хатлон низ доир ба мавзуъҳои ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат маълумот доданд.

Дар охир оид ба мавзӯъҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, сардорони раёсат ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар баҳри бартараф намудани камбудиҳои мавҷудаи соҳа ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода супоришҳои мушаххас гирифтанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

Баррасии рафти татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон”

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

“Муқовимат ба коррупсия дар ҷараёни иҷрои  Барномаи давлатӣ оид ба кумаки унвонии иҷтимоӣ”

Ҷаласаи шӯрои машваратии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргузор гашт

Семинар-машварати онлайнӣ оид ба пешгирии бемории саратон

Search