Имрӯз, 6-уми декабри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Тоҷикистон, ки ҳамасола дар кишвар санаи 7 декабр қайд карда мешавад, чорабинии идона доир гашт, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода, роҳбарон, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдор, муҳосибон ва сармуҳосибони муассисаҳои зерсохтори вазорат иштирок намуданд.
Дар чорабинии тантанавӣ нахуст муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода бо сухани табрикотӣ баромад карда, кормандони мақомоти молияи кишварро бахшида ба иди касбиашон табрику шодбош гуфт.
Дар ин замина, қайд карда шуд, ки мақомоти молия дар даврони соҳибистиқлолии давлатӣ зери таваҷҷуҳ ва дастгириҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду инкишоф намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Баъдан, Шарифов Зайнулло, сардори Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ баромад кард.
Дар идомаи чорабинии тантанавӣ тибқи фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба як қатор фаъолони соҳа Сипоснома тақдим карда шуд.
Пешниҳоди барномаи консертӣ бо иштироки ҳунармандони шинохта анҷомбахши чорабинии идона буд.