Дар шаҳри Душанбе оид ба “Роҳбарии занон дар соҳаи тандурустӣ” семинари омӯзишӣ доир гашт

Чанде қабл дар меҳмонхонаи Серенаи шаҳри Душанбе дар мавзуи «Роҳбарии занон дар соҳаи тандурустӣ» семинар баргузор гардид.

Дар семинари мазкур 23 нафар кормандон аз Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, муассисаҳои тиббӣ, КАТС-ҳои ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Бохтар иштирок намуданд.

Семинари мазкур бо ташаббуси лоиҳаи минтақавии «Беҳтар намудани саломатии модару кӯдак дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Ҷамъияти Олмонӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) дар Тоҷикистон бо дастури Ҳукумати Олмон ва ҳамоҳангии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад, баргузор гашт.

Гуфта шуд, ки мақсади аслии ин омӯзиш ба таъмин намудани рушди касбии занон дар соҳаи тандурустӣ, тақвият додани нақши онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва эҷоди имкониятҳо барои ташаккул додани шабакаҳои ҳамкорӣ мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки иштироки кормандони тиб дар семинар барои рушди малака ва донишҳои зарурӣ ва муваффақияти касбии соҳаи тандурустии кишвар назаррас хоҳад буд.

Ҳамчунин семинари «Роҳбарии занон дар соҳаи тандурустӣ» ба аҳамияти роҳбарӣ ва стратегиҳои пешбурди занон дар соҳаи тандурустӣ тавассути тақвият додани донишҳо дар бораи стратегиҳои идоракунӣ, сабт кардани малакаҳои навини роҳбарӣ ва эҷоди таъсири иҷтимоии мусбат ва ҳамкориҳо буда, як қадами дигар ба сӯи тақвият додани нақши занон дар соҳаи тандурустӣ ва имкониятҳои нав барои рушди касбии онҳо ба вуҷуд меовард.

Бояд гуфт, ки ҳадаф аз гузаронидани семинари омӯзишӣ-ин баланд бардоштани маърифату малака ва дониши кормандони соҳаи тиб мебошад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» қабул гардид

Ворид гардидани усулҳои нави ҷарроҳӣ дар шараёнҳои майнаи сар

Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ

Ҷаласаи гурӯҳи кории доимоамалкунанда доир ба ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдоштаи назди Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

РЕФЕРЕНСӢ. Соли 2024 ба зиёда аз ду ҳазор нафар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба тариқи ройгон ташхисҳои озмоишгоҳӣ гузаронида шуд

Ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи экспертизаи тиббӣ-судӣ густариш меёбад

Search