Хатлон: боздиди Ҳабибулло Хайруллозода аз рафти омодагии муассисаҳои тандурустӣ барои зимистонгузаронӣ

Бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан бо рафти омодагии муассисаҳои тандурустӣ барои зимистонгузаронӣ, ҷараёни хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва шиносоӣ бо вазъи соҳа дар минтақа Ҳабибулло Хайруллозода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба вилояти Хатлон сафар намуда, бо фаъолияти як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳру навоҳии ин вилоят шинос шуд.

Аснои боздид номбурда бо рафти хизматрасонии тиббӣ дар як қатор муассисаҳои тиббиву тандурустии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон аз он ҷумла, шаҳру ноҳияҳои Панҷ, Ҷайҳун, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус, Қабодиён, Дӯсти, Носири Хусрав ва Бохтар шинос гардида, ҳамзамон аз ҷараёни фаъолияти истироҳатгоҳи собиқадорони ҷангу меҳнати Дӯстии ноҳияи Ҷайҳун низ дидан ба амал овард. Зимни боздид номбурда бо беморон ва наздикону пайвандони онҳо низ суҳбат намуда, аз эшон доир ба сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ пурсон шуд.

Қайд гардид, ки тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳури Тоҷикистон дар самти омодагӣ ба давраи зимистон дар муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар як қатор корҳои муҳиму назаррас ба анҷом расонида шудаанд ва фаъолият дар ин самт айни ҳол бомаром идома дорад.

Ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ аҳолӣ ва бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта аз ҷониби муовини вазир ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

ДАСТОВАРДИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Ба зиёда аз 100 нафар гирифтори бемории фарбеҳӣ ва оқибатҳои он амалиётҳои ҷарроҳии бариатрикӣ бомуваффақият гузаронида шуд

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Тоҷикистон

Рақамикунонии соҳа-талаби замон. Дар кишвар системаи иттилоотии бақайдгирии натиҷаҳои скрининги гарданаки бачадон ҷорӣ мешавад

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино боздид намуда, бо унвони “Профессори фахрӣ”-и донишгоҳи мазкур сарфароз гардиданд

Назорати раванди фаъолияти касбии кормандони миёнаи тиббӣ ва тақвиятбахшии масъалаҳои этика ва деонтолгияи тиббӣ

Search