ИФТИТОҲИ АВВАЛИН ХОСПИСИ КӮДАКОНА- “ТАСАЛЛО” ДАР ТОҶИКИСТОН БАРОИ КӮДАКОНИ ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ САРАТОН

Имрӯз, 18-уми сентябри соли равон аввалин хосписи кӯдакона дар Тоҷикистон таҳти унвони “ТАСАЛЛО” барои кӯдакони гирифтори бемории саратон дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломуддин Юсуфӣ, директори Фонди хайриявии «Лона» Ҷурахон Бобохонов, директори “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ”

Акбар Муродзода ва кормандони соҳа иштирок намуданд.

Қобили зикр аст, ки шуъбаи мазкур бо ташаббуси Фонди хайриявии «Лона» таъсис дода шудааст.

Акбар Муродзода, директори “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ” зимни ифтитоҳи нахустин шуъбаи “Тасалло” иброз дошт, ки хосписи мазкур барои расонидани кумаки паллиативӣ ба кӯдакони гирифтори марҳилаи IV-и бемории саратон равона гардидааст.

Зикр гардид, ки шуъбаи мазкур ба ҳар як шахс, ҳатто дар марҳилаҳои вазнинтарини беморӣ, на танҳо табобат, балки оромиш, дастгирӣ ва эҳтироми инсонии комилро таъмин менамояд.

Ҳуҷраҳои шуъбаи мазкур бо технологияҳои замонавӣ таъмин шуда, шароити мусоид ба кӯдакон ва хонаводаҳои онҳо, ҳамчунин, имконияти гирифтани ёрии тиббӣ ва руҳиву равонӣ фароҳам карда шудаанд, ки мутахассисони соҳа бо истифода аз имкониятҳои муҳаёгардида, фаъолияти хешро аз пештара боз ҳам беҳтар хоҳанд кард.

Гуфтан ба маврид аст, ки аҳамияти хосписи «Тасалло» низоми кумакҳои паллиативиро барои кӯдакон дар Тоҷикистон таҳким мебахшад инчунин, он нишонаи садоқати хайрия ба арзишҳои башардӯстона буда, саҳми худро дар рушди низоми тандурустии кишвар мегузорад.

Қайд гардид, ки хосписи «Тасалло» на танҳо муассисаи тиббӣ, балки макони гармиву меҳрубонӣ хоҳад буд, ки ҳар кӯдак ва хонаводаи ӯ эҳсоси ғамхорӣ ва пуштибонӣ хоҳанд кард.

Сипас, иштирокчиён аз шуъбаи навтаъсис дидан ба амал оварда, бо шароит ва имкониятҳои мавҷудаи он шинос гаштанд.

Ёдовар мешавем, ки Фонди хайриявии «Лона» соли 2009 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ғайритиҷоратӣ таъсис ёфтааст. Ҳадафи он — кумак ба кӯдаконе, ки аз бемориҳои саратонӣ ва сӯхтагӣ ранҷ мекашанд, равона гардидааст.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» қабул гардид

Ворид гардидани усулҳои нави ҷарроҳӣ дар шараёнҳои майнаи сар

Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ

Ҷаласаи гурӯҳи кории доимоамалкунанда доир ба ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдоштаи назди Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

РЕФЕРЕНСӢ. Соли 2024 ба зиёда аз ду ҳазор нафар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба тариқи ройгон ташхисҳои озмоишгоҳӣ гузаронида шуд

Ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи экспертизаи тиббӣ-судӣ густариш меёбад

Search