Иштироки намояндаи вазорат дар маҷлиси солонаи Бюрои минтақавии аврупоии ТУТ оид ба омодагӣ ба пандемияи зуком

Аз 8 то 10-уми октябри соли равон дар кишвари Юнон маҷлиси солонаи Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) оид ба масъалаҳои татбиқи саҳми шарикии Механизми таъмини омодагӣ ба пандемияи зуком баргузор гардид, ки дар он Саид Давлатзода, сардори Раёсати амнияти  санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва кўмаки фаврии тиббии   Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ  кард.

Зимни суханронии хеш номбурда иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи саҳми шарикии Механизми таъмини омодагӣ ба пандемияи зуком як қатор чорабиниҳоро оид ба системаи назорати ҳамгирошудаи вирусҳои зуком ва SARS-cov-2 баргузор намуд.

Гуфта шуд, ки тибқи таҷдиди нақшаи миллии омодагӣ ба пандемия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории миллии техникии байнисоҳавӣ оид ба таҷдиди нақшаи миллии омодагӣ ба пандемия таъсис дода шуд. Ҷаласа оид ба аз нав дида баромадани нақшаи миллии омодагӣ ба пандемия дар асоси дарсҳои омухташудаи COVID-19 рӯзҳои 28 ва 29-уми  майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гашт.

Дар идомаи баромади хеш Саид Давлатзода ҳамзамон доир ба дастовардҳо ва дигар тадбирҳои  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти омодагӣ ба пандемия маълумот дод.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ

Муаррифии лоиҳаи “Дастгирии чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ оид ба таъминоти микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ дар муассисаҳои тиббӣ”

Иштирок дар 24-умин Форуми глобалии ғизои кӯдакон

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ

Вохурӣ бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Search
爱思助手汽水音乐易歪歪HelloGPT沙盘telegram下载tg下载mumu模拟器