Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

26 декабр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2025 ва нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2025 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сипас лоиҳаҳои Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 ва созишномаи иловагӣ ба созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Тоҷиксемент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, масолеҳи сохтмонию бетонӣ ва халта аз 10 июни соли 2019 баррасӣ ва қабул гардид. Дар идомаи маҷлис масоили вобаста ба муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2025-2029 ва ташкил намудани Парваришгоҳи табиии давлатии «Баҳри Тоҷик» баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар фароварди маҷлис вобаста ба ҷамъбаст ва натиҷагирӣ аз рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2024, дар сатҳи зарурӣ ва бе мушкилот гузаронидани зимистони солҳои 2024-2025, таъмини аҳолӣ ва иншооти таъйиноти гуногун бо барқу гармӣ, истифодаи самараноки неруи барқу гармӣ ва пешгирӣ аз талафоти онҳо, дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани иншооти роҳу нақлиёт, роҳ надодан ба ҳолатҳои сӯхтор ва пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш ва амалҳои номатлуб дар рӯзҳои ҷамъбасти соли 2024, расонидани кумак ба ятимону бепарасторон ва маъюбону оилаҳои эҳтиёҷманд, омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи сазовори ҷашни байналмилалии Наврӯз ва ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дастуру тавсияҳо дода шуд.

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.12.2024 | Маҷлиси Ҳу… | Flickr

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ифтитоҳи Маркази саломатии деҳавии “Саркор”дар шаҳри Турсунзода

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои маъмурии шуъбаи маориф ва пойгоҳи №1-и Муассисаи давлатии маркази шаҳрии «Ёрии таъҷилии тиббӣ»-ро ба истифода доданд

Боздиди Ҷамолиддин Абдуллозода аз рафти фаъолияти Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов

Дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пешгирии падидаҳои номатлуб вохурӣ доир гашт

Вобаста ба натиҷагирӣ аз ҷараёни рақамикунонии соҳа ҷаласаи корӣ доир гашт

Раванди амалисозии таъин ва пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат

Search