Баргузории ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба ғизои мактабӣ

Баргузории ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба ғизои мактабӣ
Январ 05
10:35 2024

4-уми январи соли ҷорӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи нахустини Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба ғизои мактабӣ дар соли 2024 доир гардид. Дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зулфия Абдусамадзода, муовини вазири маориф ва илм Дилшод Сафарзода ва намояндагони Вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, саноат, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ , Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зулфия Абдусамадзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иброз дошт, ки ғизои солим талаботи зарурӣ барои рушди миллӣ ва беҳбудии аҳолӣ буда, “Барномаи давлатии ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027” баҳри беҳтар намудани солимии аҳолӣ, аз ҷумла солимии кӯдакону наврасон равона карда шудааст.

Инчунин, таъкид шуд, ки ҳадафи Барнома аз таҷдиди ҳамаҷонибаи низоми ғизои мактабӣ ва инкишофи он бо самтгирӣ ба устуворгардонии саломатии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба воситаи таъмини дастрасӣ, сифат ва бехатарии хӯрок бо таваҷҷуҳ ба ҷанбаҳои калидии ташкили ғизои босифат ва мутавозин, аз ҷумла ҷанбаҳои технологӣ, ташкилӣ, идоракунӣ, кадрӣ, молиявӣ ва иқтисодӣ иборат мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки маблағгузории Барнома бо маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинигардида ва ҷалби кӯмаки молиявӣ ва машваратию техникии ташкилотҳои мададрасон амалӣ карда мешавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 339
  • 1,242
  • 949,359