13-уми ноябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба бозбинии Руйхати миллии доруҳои асосӣ ҷаласаи корӣ доир гашт, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зулфия Абдусаматзода, роҳбари намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Виктор Олшавский, сардорони як қатор раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат ва роҳбарони муассисаҳои соҳавии пойтахт иштирок намуданд.
Тавре зикр гардид, таъмини саривақтии аҳолӣ бо дорувории хушсифат, судманд, бехатар ва аз ҷиҳати иқтисодӣ дастрас яке аз самтҳои афзалиятноки Стратегияи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба ҳисоб рафта, он ба таҳкими системаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ равона шудааст.
Раванди бозбинӣ барои таъмини нишондиҳандаҳои асосӣ бо инобати арзёбии мунтазами доруҳо дар асоси меъёрҳои муқарраршуда имкон медиҳад, ки доруҳои дорои хатар ё таъсири тарафҳои эҳтимолӣ аз Руйхат саривақт хориҷ карда шуда, доруҳои наве, ки барои табобати бемории дар комбинатсияи нав тавсия шудааст, ворид карда шаванд.
Бозбинии Руйхати миллии доруҳои асосӣ на танҳо кори маъмурӣ, балки раванди муҳиму масъулиятнокест, ки ҳаёт ва некуаҳволии бисёр одамон, алалхусус беморон ба он вобаста аст.
Дар дигар раванд, Руйхати миллии доруҳои асосӣ ҳамчун ҳуҷҷати тартибдиҳандаи фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ҳангоми банақшагирии харид ва таъминоти доруворӣ барои табобати беморон нақши муҳим бозида, кам кардани ғайримақсаднок истифодабарии онро таъмин намояд.
Дар идомаи мизи мудаввар як қатор мутахассисони соҳа оид ба раванди бозбинӣ, тасдиқ ва амалӣ гардонидани Руйхати миллии доруҳои асосӣ баромад карда, ҳамзамон аз ҷониби иштирокчиён доир ба масъалаҳои баррасишуда муҳокимаронӣ сурат гирифт.