Табиби оламшумул

Ба пешвози 1045-солагии поягузори илми тиб Абуалӣ ибни Сино

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон барои поси хотир ва арҷгузорӣ ба гузаштаи бою ҷовидонаи миллати тоҷик ташаббусҳои бузургеро амалӣ намуданд, ки онҳо пеш аз ҳама ба муаррифии комили миллат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат менамоянд, аз ҷумла ҷашну солгарди мутафаккирони барҷастаи тамаддуни тоҷику форс, олимону донишмандони тоҷик, ки бо осори гаронарзишашон дар рушд ва нумуи илми башар нақши созгор гузоштаанд, аз ҷумлаи чунин иқдомҳои барҷастаи Роҳбари давлатамон ба ҳисоб мераванд.

Бинобар ин, дар замони муосир, дар марҳилаҳои муҳими ҷараёни ҷаҳонишавӣ барои миллати шарафманди тоҷик хидматҳои таърихӣ, талошҳои хастанопазир, дастовардҳои бемисл, эҳёи осору намунаҳои таърихии ниёгонамон аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаромушнашаванда боқӣ мемонанд.

Хурсандибахш ва боиси ифтихор аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Ҳукумати мамлакат соли равон дар кишвар 1045-солагии олими забардасти тоҷику форс, табиби оламшумул, шоир, ҳаким Абуалӣ ибни Сино ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн тибқи  “Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025”, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 тасдиқ гардидааст, доир мегардад.

Комилан ҷашнвораи 1045 солагии Шайхурраис Абулӣ ибни Сино намунае аз ташаббусу иқдоми неки навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, дар ин радиф  Сарвари давлат чунин иброз доштаанд: “Ибни Сино парчамбардори бедории афкори миллӣ ва бунёдгузори пойдевори илми ҳазорсолаи мост.”

Қадршиносии дигари ин марди шариф ворид намудани иди касбии табибон ба номгӯи идҳои давлатӣ дар Парлумони Тоҷикистон дар санаи 18-уми августи соли 1995 мебошад, ки то имрӯз иди касбии табибони Тоҷикистон дар рӯзи таваллуди Абуалӣ ибни Сино бо шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Ҷаҳон воқиф аст, ки ҳануз 1045 сол муқаддам, дар ин рӯз фарзанди номвари тоҷик, донишманд, файласуф риёзидон, ситорашинос, ҷуғрофиядон ва табиби машҳури олам Абуалӣ ибни Сино ба дунё омадааст.

Ибни Сино дар давоми умри начандон тулонӣ тавониста, ки  зиёда аз 450 адад китоб, ки аксарияти он ба соҳаи тиб дахл доранд, иншо намояд. Аз ҷумла, китобҳои “Шифо”- донишномаи илмию фалсафии мукаммал ва “Ал-қонун фӣ тиб”-и ӯ аз маъруфтарин асарҳо дар таърихи илми тибби ҷаҳон маҳсуб мешаванд.

Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино барҳақ ифтихори халқи тоҷик мебошад. Асарҳояш, амсоли “Ал-Қонун”, “Китоб – уш – шифо”, “Донишнома”, “Китоби инсоф”, ки ба забони арабӣ ва тоҷикӣ иншо шудаанд, ба ӯ шуҳрати ҷаҳонӣ овардаанд.

Шуҳрату овозаи ӯ дар Аврупо ҳанӯз баъди тарҷумаи осори фалсафӣ ва махсусан, тиббиаш камтар аз Шарқ набуда, китобҳои тиббии ӯ дар қатори осори чунин бузургоне аз қабили Буқрот, Ҷолинус ва Арасту омӯхта шуда, дар бисёре аз мактабҳои олии Аврупо чун дастуруламалҳои тиббӣ дар донишкадаҳо ва бемористонҳо то асрҳои XVII-XIX истифода мешуданд ва доманаи қадршиносии мероси ӯ дар кишварҳои Аврупо имрӯз ҳам идома доранд. Ҳанӯз сад сол баъди вафоти Ибни Сино “ал- Конун фи-т-тиб”-и ӯ аз тарафи яке аз машҳуртарин тарҷумонҳои мактаби тарҷумонии Толедо Герарди Кремонӣ ба забони лотинӣ тарҷума гардид.

Ибни Сино чун олим дар асоси анъанаҳои миллии даврони Сомониён ба воя расида, зиндагӣ ва кору камолоти хешро дар Бухоро – маркази давлати Сомониён ва дар Эрон ба анҷом расонидааст.

Бо эҳтимоли қавӣ метавон арз дошт, ки дар таърихи илм ва фалсафаи ҷаҳон баъди Арасту Ибни Сино ҳамчун  нобиғаи бемисл муаррифӣ гардида, атрофи ҳаёту эҷодиёти илмиву бадеӣ ва публитсистии ин олими давр намояндагони тамоми халқиятҳои олам, аз ҷумла ҳамзабононаш  мақолаҳо, китобу рисолаҳо ва асарҳои публитсистии тарҷумаҳолӣ навиштаанд.

Мутафаккир ва донишманди Эрон Алиасғари Ҳалабӣ фармудааст: “Пизишкӣ набуд, Буқрот онро ба вуҷуд овард, мурда буд, Ҷолинус онро зинда кард, пароканда буд, Розӣ онро фароҳам овард, ноқис буд, Ибни Сино онро комил кард”.

Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафуров низ ба ифтихору сарфарозӣ дар бораи бузургдошти Ибни Сино чунин мефармояд: “Ибни Сино бузургтарин олими тиб, беҳтарин файласуф, ҳайвонотшиноси дараҷаи аввал, беҳтарин донишманди соҳаи биология, шоир, устоди наср, илова бар ин, бузургтарин донишманди санъати мусиқӣ ҳисоб мешуд. Ҳеҷ як соҳаи он замон мавҷуд набуд, ки энсиклопедисти асрҳои X-XI – и тоҷик онро наомӯхта бошад”.

Дар адабиёти муосири тоҷик устод Муъмин Қаноат нахустин адибе буд, ки ба мавзӯи таърихии зиндагинома ва осори бебаҳои Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино рӯ овардааст. Асараш бо номи “Гаҳвораи Сино” ба чоп расида, ки  аз лиҳози таркибу образофарӣ ва банду баст фарогири як давраи муайяни таърихии асри X буда, симои бузурги Ибни Сино ва рӯҳи бешикасти ин фарзонамарди тоҷик мисли оинаи пурҷилое ба атроф аксандозӣ мекунад. Асари болозикр аз давраи ғуруби аҳди Сомониён ва зери бори зулму истибдод мондани мардуми Бухоро, ваҳшонияти истилогарон ва дар ин айём ба дунё омадани аллома Ибни Сино бо аллаҳои модараш Ситорабону оғоз меёбад. Шоир Муъмин Қаноат саҳифа ба саҳифа рӯзгори ноорому пурфоҷиаи Шайхурраисро пайгирӣ намуда, ҳар мушкилотеро, ки ба сари ӯ меояд, бо шарҳ нозукбинона мекушояд. Симои Ибни Сино чун табиби фозили замон инъикос гардида, талошҳои вай баҳри наҷоти беморону муолиҷаи онҳо мебошад.

Ибни Сино донишманду табиби тавоно, ҳакими ҳама гуна дарду даво  дар фалсафа, мантиқ, илми мусиқиву забони арабӣ низ нодираи даврони хеш буду дар баробари фаъолиятҳои илмии хеш ҳамчунин барои тарбияту табобати аҳли башар хидмати арзанда арза доштааст. Хоса хидматҳои ӯ ба илми тиб, дорушиносӣ ва мавзуи вобаста ба онҳо хеле бузург аст. Сино бо омезиши фалсафаи тибби юнонӣ, ҳиндӣ, эронӣ ва табибони қабл аз ислом дар боби табобат равишҳои тоза пайдо намуда,  барои дармони беморӣ аз ҳеҷ равиши муфид худдорӣ намекард.

Ӯ аз табори аввалин  ҳакимонест, ки дар бораи таъсири мутақобили реҷаи хӯрокхӯрӣ ва истеъмоли дору ва қоидаи истифодаи он дастуруламали мушаххас пешниҳод кардааст.

Мавзуи дигари доғ дар ҷомеаи асримиёнагӣ бархурди ношоистаи руҳониёни ҷаҳолатпараст бо аҳли илму дониш буд, ки он албатта ба Синои оламшумул низ бетаъсир намонд. Аз ҷумла дар ҳаққи донишмандони ҳақиқӣ туҳмату буҳтон баста, ба фоидаи идораҳои динӣ ҷосусӣ мекарданд ва бо дурӯягиву чоплусии хеш беҳтарин фарзандони халқу ватанро қурбон менамуданд.

Ибни Сино, ки ба илму дониш, ба покиву ростӣ ва садоқату масъулияти худ, ба истеъдоди фитрии худ бовар дошт,  аз ин падидаҳои манфур заррае тарс надошт. Аз муолиҷаи мардум намеҳаросид, зеро, ки ба табиби комил будани худ, ба шинохти заҳр аз позаҳр бовар дошт. Хулоса саропо илм буд ва ҳамин илми дар амал собитгашта Синои тоҷикро Синои

олам кард ва то имрӯз аз офаридаҳои ин олими сермаҳсул тамоми сайёра истифода менамояд.

Ӯ дар баробари роҳҳои табобати бемориҳо бо гиёҳу ҷарроҳӣ, навъи табобат аз рӯйи маслиҳатро низ хеле орифона ба мардум мерасонд. Махсусан, парҳезкорӣ ва шикастанафсиро яке аз манбаҳои мубтало нагаштан ба бемориҳо арзёбӣ намуда, ба воситаи офаридаҳояш мардумро таъкид мекард,  ки бештар ба варзиш машғул шаванд ва аз пурхӯрӣ канорагирӣ намоянд.

 Гуфтаи бебаҳои Синои бузург «Касе, ки ба тамринҳои баданӣ мепардозад, ба ҳеҷ доруе ниёз надорад, дармони ӯ дар ҷунбиш ва ҳаракат аст»,-шаҳодатест ба гуфтаҳои болозикр.

 То имрӯз шоҳиди баҳсҳои зиёдо гардидаем, ки доир ба ҳуввият ва мавқеи миллии Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино аз ҷониби афроди манифатхоҳ ба миён омадаанд ва ин шахсияти нотакрори миллати тоҷикро ба дигар қавмҳо мансуб донистаанд. Саволе ба миён меояд, ки бо кадом сабаб ва ангеза ҷаҳони асримиёнагӣ ва имрӯза низ ба меросу шахсияти ӯ пайваста чунин “таваҷҷуҳ”-ро дареғ намедорад?! Ба ақидаи банда, ангезаи чунин “дилгармӣ” ва “иноят”-ро дар он нукта бояд ҷустуҷӯ кард, ки хидмати Ибни Сино дар таҳкими бунёд ва пояи ҳикмат, тиб ва бахшҳои мухталифи илму дониш дар тамаддуни ҷаҳонӣ ва исломӣ беандоза аст ва худи ӯ аз зумраи бузургтарин ва номовартарин донишмандони ҷаҳон ва нобиғаҳои бани башар ба шумор маравад.

Бинобар ин, имрӯз мо- ворисони ин олими забардаст, хоса пайравони пешаи пурифтихори пизишкиро зарур аст, ки  даричаи ошноиро тавассути семинару конфронсҳо, суҳбатҳо бо насли наврасу ҷавон фарохтар кушоем.

Жарфтар онҳоро ба бузургдошти нобиғаҳои миллат, амсоли Абуалӣ ибни Сино ошно намоем, то дар оянда онҳо низ дар самтҳои мухталиф намунаи ибрати Тоҷикистон ва олам гарданд, чунки мероси Ибни Сино ва шахсияти ӯ назди миллати мо масъулиятшиносии баландро тақозо дорад.

Бобоҷон Сафаралиев,

Роҳбари Иттиҳоди табибони Тоҷикистон

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Файзобод: шуъбаи ёрии таъҷилии назди Маркази саломатӣ пас аз таъмир мавриди истифода қарор дода шуд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд

Дар истифодаи ангишт эҳтиёткор бояд буд!

Вохурӣ бо Миссияи Бонки Ҷаҳонӣ

Рақамикунонии низоми ҳифзи иҷтимоӣ дар доираи  “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”

Таҳлили фаъолияти марказҳои кори ҳамширагӣ ва кормандони миёнаи тиббии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

Search