Ифтитоҳи Маркази саломатии деҳавии “Саркор”дар шаҳри Турсунзода

21-уми марти соли равон дар доираи таҷлили ҷашни Наврӯзи оламафрӯз дар шаҳри Турсунзода Маркази саломатии деҳавии “Саркор” мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар расми ифтитоҳи он намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода Салимзода Амонулло Файзулло, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳсинзода Ғафур Муҳсин, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Ғафурҷон Мирзоалӣ, Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам, роҳбарияти ҶДММ “Сардор-2008” ва сокинони деҳоти Турсун Тӯйчиев иштирок намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки Маркази саломатии навбунёд ба 14101 нафар сокинони 8 деҳа хизмати тиббӣ мерасонад.

Зимни ифтитоҳ масъулин иттилоъ доданд, ки бинои нави марказ аз 18-ҳуҷра ва як маҷлисгоҳ иборат буда, утоқҳои кории он бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Турсунзода таҷҳизонида шуд.

Теъдоди кормандони Маркази саломатии деҳавии “Саркор” 20 нафар мебошад.

Бинои нави муассисаи тандурустӣ дорои шароити муосири ташхису табобат буда, барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасониии тиббӣ ба аҳолӣ нигаронида шудааст.

Дар идомаи маросими ифтитоҳ меҳмонон бо кормандони соҳаи тиб ва сокинони деҳоти мазкур суҳбат ороста, онҳоро барои соҳиби чунин муассисаи тандурустии замонавӣ гардидан табрику шодбош намуданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

НАВГОНӢ.  Бори аввал дар кишвар амалиёти стентгузории варидӣ гузаронида шуд

“Хунравиҳои акушерӣ, самтҳои муосири пешгирии хунталафоти зиёд”

Тақвияти шарикӣ барои устувории навовариҳо дар назорати бемории сил ва ВНМО дар Тоҷикистон

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба амалисозии иҷроиши бандҳои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи экспертизаи тиббӣ-судӣ густариш меёбад

Search
爱思助手汽水音乐下载易歪歪汽水音乐telegramtelegram下载tg下载