Арҷгузорӣ ба нобиғаи шарқ ва поягузори тибби профилактикӣ
Ҳар сол, 18 август, дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Абуалӣ ибни Сино ва табибон ҷашн гирифта мешавад. Ин сана на танҳо хотирмонест барои гиромидошти шахсияти бузурги таърихӣ, балки рамзи арҷгузорӣ ба рисолати пуршарафи табибӣ ва мероси илмии гузаштагон мебошад.
Абуалӣ ибни Сино — нобиғаи шарқ, табиби машҳури ҷаҳонӣ ва мутафаккири нотакрор — бо осори гаронбаҳои худ дар рушди илми тиб, фалсафа ва ҷаҳонбинии инсонӣ саҳми беназир гузоштааст.
Ҳаёт ва мероси илмӣ
Абуалӣ ибни Сино соли 980 дар деҳаи Афшанаи наздики Бухоро таваллуд ёфта, дар тӯли умри худ беш аз 450 асари илмӣ офаридааст. Аз ин шумора 240 асар то имрӯз боқӣ монда, соҳаҳои гуногунро дар бар мегиранд: тиб, фалсафа, мантиқ, астрономия, математика, мусиқӣ ва ахлоқ.
Асари машҳуртарини ӯ — «Ал-Қонун фи-т-Тиб» — садсолаҳо ҳамчун манбаи асосии таълим дар донишгоҳҳои Аврупо ва Шарқ истифода мешуд ва то имрӯз намунаи олии дониш ва таҷрибаи тиббӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин китоб, Сино бемориҳоро тибқи аломатҳо гурӯҳбандӣ намуда, усулҳои ташхису табобатро бо далелҳои илмӣ шарҳ додааст. Ӯ ҳамчунин ба принсипҳои ахлоқии табибӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, табибро на танҳо мутахассис, балки хидматгузори башарият мешуморид.
Пешсаф дар илми пешгирии бемориҳо
Яке аз ҷанбаҳои муҳимтарини мероси Сино таълимоти ӯ дар бораи пешгирии бемориҳо мебошад. Дар «Ал-Қонун фи-т-Тиб» ва дигар рисолаҳои худ, ӯ ба масъалаҳои тандурустии ҷамъиятӣ, тарзи ҳаёти солим, ҳифзи саломатӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ таваҷҷуҳи махсус додааст.
Сино таъсири муҳити зист — обу ҳаво, оби нӯшокӣ, ғизо ва тарзи зиндагиро дар пайдоиши бемориҳо таҳлил намуда, табобати пешгирикунандаро вазифаи аввалиндараҷаи табиб медонист. Ӯ риояи реҷаи солими ғизо, хоб, фаъолияти ҷисмонӣ ва тозагиро муҳим мешуморид — масоиле, ки имрӯз низ дар асоси илмҳои эпидемиология ва тандурустии ҷамъиятӣ тасдиқ шудаанд.
Дар яке аз порчаҳои «Ал-Қонун фи-т-Тиб» омадааст:
«Табиб бояд пеш аз он ки беморӣ зуҳур кунад, шароити саломатии шахсро таҳлил намояд ва бо тадбирҳои дуруст, роҳҳои пайдоиши бемориро масдуд созад.»
Ин андешаҳо собит месозанд, ки Сино на танҳо табиби замони худ, балки пешгӯи илмии тибби муосир низ буд.
Нақши Сино дар илму фарҳанги тоҷик
Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 3 апрели соли 2006 дар назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳо Маркази авитсеннашиносӣ таъсис ёфт. Вазифаи он — таҳқиқи амиқи осори Сино, тарҷумаи онҳо ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, инчунин тарғиби донишҳои фалсафӣ ва илмии ӯ дар ҷомеа мебошад.
Ба ифтихори ин шахсияти бузург, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон номи Абуалӣ ибни Синоро гирифтааст. Ин муассиса, ки дар шаҳри Душанбе ҷойгир аст, яке аз марказҳои пешқадами таҳсилоти олии тиббӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад. Донишгоҳ дорои 63 кафедра, садҳо устодони соҳибтаҷриба, докторону номзадҳои илм ва академикон мебошад. Китобхонаи он бо беш аз 660 ҳазор нусхаи китоб ва каталоги электронии муосир ғанӣ гардидааст.
Арҷгузорӣ ва сабақ барои насли нав
Таҷлили Рӯзи Абуалӣ ибни Сино на танҳо арҷгузорӣ ба шахсияти таърихӣ, балки даъват ба омӯзиш, таҳқиқ ва эҳтироми мероси илмии гузаштагон мебошад. Ин рӯз табибонро ба худшиносӣ, масъулияти касбӣ ва садоқат ба рисолати инсонӣ ҳидоят мекунад.
Абуалӣ ибни Сино бо андешаҳои илмӣ ва ахлоқии худ барои наслҳои оянда равшаннамо ва намунаи зиндагӣ боқӣ мондааст. Арҷгузорӣ ба мероси ӯ — арҷгузорӣ ба дониш, хирад ва инсонгароист.
Рӯзи Сино — рӯзи табибон — моро водор месозад, ки рисолати худро бо муҳаббат, масъулият ва садоқат иҷро намоем.
Аббосова Меҳринисо Абдухолиқовна
Корманди хурди илмии
МД “Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон”