Абуалӣ ибни Сино яке аз нобиғаҳои миллати тоҷик мебошад, ки бо фаро гирифтани донишҳои замони хеш ҳамчун энсиклопедист дар ҳавзаҳои илмҳои гуногун дастовардҳои зиёдеро ба сомон расонидааст, ки то ба ҳол аз тарафи тамоми ҷаҳониён ҳамчун сарчашмаи муътамади илмӣ мавриди истифода мебошанд. Чунин шева низ чӣ тавре, ки мо дар тарбияи кадрҳои тиббии имрӯза мушоҳида мекунем, бе чуну чаро роиҷ аст.
Пазируфта шудани ибни Сино дар сатҳи ҷаҳонӣ танҳо ба ифодаи як вожа басанда мекунад, ки ҳамарӯза ҳазорҳо маротиба вирди забони хосу ом бо тамоми забонҳои ҷаҳонӣ баён мешавад, ки ин ибораи сеҳрнок “медидсина” ё мадади Сино ном дорад. Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби “Чеҳраҳои мондагор”-и хеш чунин таъкид кардаанд: “Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино яке аз бузургтарин файласуфон, олимон, табибон ва адибони тоҷику форс буда, дар рушду камоли тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми барҷаста дорад. Воқеан, нақши барҷастае, ки ибни Сино дар таърихи фарҳанги миллат ва башарият гузоштааст, номи ӯро барои аҳли ҷаҳон азиз ва ҷовидонӣ гардонидааст. Ба шарофати осори абадзиндаи хеш ибни Сино имрӯз низ ҳамзамон ва ҳамқадами ҷомеаи башарӣ мебошад.”
Чунин қадрдонӣ ва ситоиш аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яке аз ворисони ибни Синоро ташвиқ мекунад, ки қадам бардоштан дар роҳи сиҳатмандию шифобахшии маризону беморон ва дармондагон бе фаро нагирифтани илмҳои гуногун бо истифода аз маҳоратҳои фитрии инсон муяссар нахоҳад шуд.
Ба гуфтаи яке аз табибони имрӯзаи тоҷик, доктори илмҳои тиб, профессор Гулзода М. Қ. ибни Сино, ки дар кишварҳои Ғарб бо номи “Авитсена” машҳур аст, дар давоми умри 57-солааш аз худ осори азиме (зиёда аз 450 асари илмӣ, фалсафӣ ва адабӣ) боқӣ гузоштааст. Яке аз чунин асарҳои арзишманди ин ҳакими машриқзамин “Ал-Қонун фи-т-тиб” мебошад. Ин асари ӯ яке аз асарҳои муҳимтарин, муфассалтарин, машҳуртарин ва аз ҷумла барҷастатарин китобҳои соҳаи тибби Шарқ ва Ғарб ба ҳисоб меравад. “Ал-Қонун фи-т-тиб” аз замоне, ки таълиф шуда, то наздик ба ҳашт қарн дар Аврупо ва имрӯз дар кулли дунё мавриди истифодаи олимони соҳаи тиб қарор гирифтааст”.
Бо ин осори арзишманд ва гаронбаҳо ибни Сино равишҳои тибби суннатию анъанавии моро бо истифода аз осори тиббии Юнону Ҳинд ва Мисру Чин дар асоси таҷрибаҳои амалии хеш низоми илмӣ бахшида, китоби руйимизии ҳар як табиб гардонидааст, ки то ба ҳол арзиши амалии худро гум накардааст.
Гарчанде тибби имрӯз ба дастовардҳои навини илмии соҳаҳои улуми табиатшиносии таҷрибавию татбиқӣ такя карда, беморонро дармон мебахшад, лек равиши шинохти мизоҷ ва гиёҳдармонии ибни Сино то ба ҳол арзиши худро аз даст надодааст. Махсусан, баъд аз кашфи вирусҳое, ки масунияти ҷисмониро фалаҷ мекунанд, табибонро зарурат пеш меояд, ки ба тибби анъанавию мардумӣ рӯй оваранд, ки дар тақвияти низоми масунияти бадан метавонад беш аз ҳарвақта мусоидат намояд.
Аз ҷониби дигар, бо таъсири саноатикунонӣ ва партовҳои биохимиявии он, маҳсулотҳои ниматайёру зудпаз ва тағйироти иқлимӣ ва мушкилоти рузафзуни муҳитзистӣ, маризиҳои характери гибридиро ба миён меоварад, ки мо табибонро водор мекунад, то ба таҷрибаҳои гузаштагонамон бештар таваҷҷуҳ намоем. Маҳз ҳавои ғуборолуди партовҳои гази карбон ва ғизоҳои носолим омили хуруҷи бемориҳои зиёде шудааст, ки дармони бештари он бо истифода аз таҷрибаҳои мардумию суннатии мо муяссар мешавад.
Мутаассифона, дар байни мардуми мо аксари ин равишҳои табобатии ибни Сино ба таври ғайрикасбӣ истифода мешаванд, ки зарурати ба танзим овардани онҳо ба миён омадааст. Маҳз чунин сурат гирифтани масъала ва бурида шудани риштаи пайванди мероси гузаштаи тиббии мо носуботии доимии минтақа ва оқибафтодагию нобасомонии дохилию хориҷӣ мебошад.
Бо вуҷуди чунин нобасомониҳо, асари безаволи “Қонун дар тиб”, ки то замони мо расидааст, шаҳодатномаи ҳувиятии моро дар ҳама соҳаҳои тиб ва дигар соҳаҳои илмӣ муаррифӣ мекунад. Ин асар аз панҷ китоби асосӣ иборат буда, дар умури куллии пизишкӣ, баёни доруҳои сода (фамакогнозия) ва мураккаб, бемориҳои гуногун аз руйи маҳалли ҷойгиршавии онҳо, на аз руйи принсипи сабаб ва субстансияи имрузаи тақсимоти бемориҳо таҳлилу баррасӣ шудааст.
Муҳаққиқон муҳимияти таҷрибаҳои ибни Синоро дар ду бахш медонанд, ки яке масъалагузрӣ ва дигаре методологӣ мебошад. Аксари бемориҳое, ки дар сатҳи ҳуҷайравию молекулавӣ пайдо мешаванд, дар асоси тибби муосир таҳқиқу табобат карда мешаванд, аммо дар сатҳи иҷтимоию равонӣ, яъне олудагии муҳити зистию равонӣ ё ахлоқӣ омили дигари пайдоиши касалиҳо мебошанд, ки дар робитаи мутақобилаи он (марги зудҳангоми ҳуҷайраҳо дар асоси муҳити зист ва фазои стресзо) мавриди пажуҳиш қарор нагирифтааст, махсусан фазои стресофари имрӯзи ҷомеаҳои муосир, ки пур аз зиддияту ихтилофҳои афзояндаро дар пай дорад, рӯз то рӯз падидаи бемориҳои наверо ба миён меоварад, ки бе дарназардошти таҷрибаҳои суннатию анъанавӣ роҳи ҳалли онҳоро пайдо кардан номумкин мебошад. Яъне усули суннатии синоии мизоҷ системаи имуннии (масунияти) имрӯзаро ифода мекунад, ки аз тарафи табибони ҳиндию чинӣ бознигарию мавриди табобати беморон қарор гирифтааст ва дар шаҳру ноҳияҳои имрӯзаи Тоҷикистон роиҷ мебошад, он усули табобатии миллии мо мебошад. Умедворам, ки ин усули суннатии табобати анъанавии гузаштагон аз тарафи ҳамкасбону ҳаммаслакони мо мавриди истифода қарор гирифта, баҳри табобати солимии ҷомеаи тоҷик талошу мубориза хоҳем кард.
Назаров Бобоназар,
муовини директор оид ба корҳои
табобатии Муассисаи давлатии
“Маркази ҷумҳуриявии клиникии
бемориҳои касбӣ”,
номзади илмҳои тиб