Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бинои нави Беморхонаи кӯдаконаи зидди силро ба истифода доданд

26 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат бинои нави Беморхонаи кӯдаконаи зидди сил дар назди Муассисаи давлатии “Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина”-ро мавриди истифода қарор дода, бо шароити кору хизматрасонӣ дар он шинос шуданд.

Беморхонаи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо маблағгузории Бонки олмонии рушд бунёд гардид.

Иншооти нав дар доираи татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалии соҳаи тиб сохта шуда, дар он барои табобату муолиҷаи кӯдакони гирифтори бемории сил шароити мусоиду муосир фароҳам оварда шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар Беморхонаи бемориҳои кӯдаконаи сил дар назди Муассисаи давлатии «Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина» аз соли 2023 оғоз гардида, бо ҷалби зиёда аз 100 мутахассиси маҳалӣ ва бо маблағи 2 миллиону 595 ҳазору 274 евро моҳи сентябри соли 2025 пурра ба анҷом расонида шуд.

Масоҳати умумии иншоот 15 ҳазору 434 метри мураббаъ буда, масоҳати бино 1 ҳазору 554,8 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои Беморхонаи бемориҳои кӯдаконаи сил аз 2 ошёна иборат буда, дорои 50 кати хоб мебошад. Дар ин ҷо барои ташхису табобат имконияти васеъ фароҳам гардида, бобати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ҳамаи шароит муҳайё шудааст.

Дар беморхона шуъбаҳои бемориҳои сили микробхориҷкунанда, бемориҳои сили такроран сироятёфта, шуъбаи шакли мутобиқгаштаи сили кӯдакона, ҷарроҳии сили кӯдакона ва дигар бахшҳои зарурӣ мавҷуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити беморхона таъкид намуданд, ки соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи саломатии кӯдакон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси Барномаи давлатии мубориза бар зидди бемориҳои сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2006 бо маблағгузории лоиҳавии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки олмонии рушд азнавсозии Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои сил оғоз ёфта, соли 2011 ифтитоҳ карда шуда буд.

Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2013 Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии сил ба Муассисаи давлатии “Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина» барои 400 кат табдил дода шуд.

Дар беморхонаи мазкур ҳоло 14 шуъба мавҷуд аст, ки дорои 420 кат мебошад.

Таъкид гардид, ки ифтитоҳи ин муассисаи тиббии муосир боз як нишони равшани ғамхории пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба насли ояндасози кишвар мебошад. Бо истифодаи имкониятҳои Беморхонаи кӯдаконаи зидди сил, ташхису муолиҷаи бемориҳои хавфнок дар синни кӯдакӣ ба марҳилаи сифатан нав бароварда шуда, сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар кишвар боз ҳам беҳтар хоҳад гардид.

Ифтитоҳи бинои нави Беморхонаи кӯдаконаи зидди сил дар наз… | Flickr

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

ДАСТОВАРДИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Ба зиёда аз 100 нафар гирифтори бемории фарбеҳӣ ва оқибатҳои он амалиётҳои ҷарроҳии бариатрикӣ бомуваффақият гузаронида шуд

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Тоҷикистон

Рақамикунонии соҳа-талаби замон. Дар кишвар системаи иттилоотии бақайдгирии натиҷаҳои скрининги гарданаки бачадон ҷорӣ мешавад

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино боздид намуда, бо унвони “Профессори фахрӣ”-и донишгоҳи мазкур сарфароз гардиданд

Назорати раванди фаъолияти касбии кормандони миёнаи тиббӣ ва тақвиятбахшии масъалаҳои этика ва деонтолгияи тиббӣ

Search