Зулфия Абдусаматзода бо вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак дар вилояти Хатлон шинос шуд

Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ, таҳлили вазъи кунуни соҳа, бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои мавҷуда ва дар ин замина боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак санаи 25-уми сентябри соли равон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода бо фаъолияти Беморхонаи марказии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва Маркази перинаталии вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар шинос шуд.

Аснои боздиди  хеш номбурда бо вазъи хизматрасонии тиббии модарону кӯдакон, шароит ва имкониятҳои муҳайёгаштаи шуъбаҳо, ҳолати дастгоҳу таҷҳизотҳои тиббӣ ва риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ  шиносоӣ пайдо кард.

Инчунин, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо роҳбарият ва кормандони муассисаҳои мазкур суҳбат анҷом дода, ҷиҳати беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаи таърих

«Таъмини бехатарии минтақавӣ бо роҳи таҳкими хизматрасониҳои аввалияи тиббию санитарӣ”

Зодрӯз муборак, муҳтарам вазир!

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар ҶДММ «Шифобахши Аср»-ро ба истифода доданд

Рӯзи касбии кормандони низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муборак!

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории саратон конфронси илмию амалӣ доир гашт

Search
爱思助手汽水音乐易歪歪HelloGPT沙盘telegram下载tg下载mumu模拟器