Москва. Иштироки намояндаи вазорат дар конгресси “Мардум ва тиб”

Аз то 20 то 22-юми апрели соли равон дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия конгресси “Мардум ва тиб” дар мавзуи “Муколамаи стратегӣ дар давраи Соли тандурустӣ дар ИДМ: Таҷрибаи кишварҳои Иттиҳод дар таъмини аҳолӣ бо доруворӣ дар сатҳи нигоҳубини аввалияи тиббӣ” баргузор гардид, ки дар он коршиноси шуъбаи таҳлили Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Мавриди зикр аст, ки Кумитаи иҷроияи ИДМ тасмим гирифт, ки соли 2026-ро Соли тандурустӣ дар ИДМ эълон кунад ва бо ин мақсад нақшаи чорабиниҳо оид ба нигоҳубини тиббӣ таҳия ва қабул карда шуд.

Дар рафти конгресс Ғафур Муҳсинзода суханронӣ карда, як қатор масъулаҳои муҳимро дар самти ҳамкорӣ дар платформаи ИДМ дар соҳаи тибби пешгирикунанда ва нигоҳубини аввалияи тиббӣ, беҳтар кардани дастрасӣ ба доруҳо барои беморони гирифтори бемориҳои ғайрисироятӣ тавассути системаи нигоҳубини аввалияи тиббӣ, ислоҳот дар системаи нигоҳубини аввалияи тиббӣ ва фарогирии умумии тиббиро баррасӣ кард.

Ғафур Муҳсинзода инчунин дар ҷаласаҳои пленарӣ дар конгресс оид ба тибби пешгирикунанда ва тибби дохилӣ суханронӣ намуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Боздиди Абдухолиқ Амирзода аз беморхонаҳои марказии шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода

«Муҳофизати биологӣ ва бехатарии биологӣ дар озмоишгоҳҳо»

Ташкил ва баргузории ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар вазорат

Ҷаласаи ҷамъбастии лоиҳаи «Дастгирии расонидани ваксинаҳои зидди COVID-19  дар доираи Фонди дастрасии ваксина дар Осиё ва Уқёнуси Ором» 

БАРДОШТ АЗ ПАЁМ: Соли 2025-ум барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст

Дастовардҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ назаррасанд

Search