Ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи экспертизаи тиббӣ-судӣ густариш меёбад

Бо мақсади густариш додани ҳамкориҳо дар бахши экспертизаи тиббӣ-судӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон санаи 13-уми феврали соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббӣ-судӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ доир гашт, ки дар он директори маркази мазкур Абдукаримзода Ш.А., директори Маркази илмии ҷумҳуриявии экспертизаи тиббӣ-судии Ҷумҳурии Узбекистон, профессор Рузиев Шерзод Ибадуллоевич, муовини директори Маркази илмии ҷумҳуриявии экспертизаи тиббӣ-судии Ҷумҳурии Узбекистон, доктори илмҳои философии PhD дар соҳаи тиб Туронов Бобур Собируғлӣ, директори филиали Маркази илмии ҷумҳуриявии экспертизаи тиббӣ-судии Ҷумҳурии Узбекистон дар вилояти Бухоро Саибов Ҳакимҷон Мавлонович иштирок намуданд.

Зимни ҷаласаи корӣ иштирокчиён доир ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши экспертизаи тиббӣ-судӣ мубодилаи афкор намуда, ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ карданд.

Ҳамин тавр, байни Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббӣ-судӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази илмии ҷумҳуриявии экспертизаи тиббӣ-судии Ҷумҳурии Узбекистон баҳри баланд бардоштани савияи дониши кормандон, иштирок намудан дар конфросҳо, гузаронидани семинарҳои илмию методӣ, омӯзиши коршиносони озмоишгоҳҳо дар марказҳо ва ҳамкории байни муассисаҳои экспертизаи тиббӣ-судии ду кишвар шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ вобаста ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ

Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатии шаҳраки Курушкада мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Баррасии рафти иҷрои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” дар шаҳри Душанбе

Ҷаласаи Шўрои назоратии аккредитатсияи тиббии муассисаҳои тандурустӣ баргузор гашт

Аз фаъолияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд

“Ҳафтаи пешгирии саратони гарданаки бачадон”

Search