Гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати расонидани кумаки дастурию методӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафарбар мегарданд

13-уми марти соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо гурӯҳҳои кории вазорат, ки барои расонидани кумаки дастурию методӣ дар самти пешгирии фавти модару кудак ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафарбар мегарданд, баргузор гардид, ки дар он муовини вазир Зулфия Абдусаматзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат иштирок намуданд.

Тавре зикр гардид, ҳадаф аз таъсис додан ва сафарбар намудани гурӯҳҳои корӣ иборат аз мутахассисони соҳибтаҷрибаи марказҳои саломатӣ, солимии репродуктивӣ, таваллудхонаҳо ва дигар муассисаҳои тиббию табобатӣ-ин пеш аз ҳама расонидани кумакҳои дастурию методӣ ба мутахассисони муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва бо ин роҳ пешгирии фавти модару кӯдак ба шумор меравад.

Ҳамзамон, дар ҷаласа вазъи кунунии хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон дар муассисаҳои тандурустӣ таҳлил ва баррасӣ гардида, таъкид карда шуд, ки айни замон масъалаҳои хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон дар маркази таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Дар анҷоми ҷаласа баҳри боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон, бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Боздиди Абдухолиқ Амирзода аз беморхонаҳои марказии шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода

«Муҳофизати биологӣ ва бехатарии биологӣ дар озмоишгоҳҳо»

Ташкил ва баргузории ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар вазорат

Ҷаласаи ҷамъбастии лоиҳаи «Дастгирии расонидани ваксинаҳои зидди COVID-19  дар доираи Фонди дастрасии ваксина дар Осиё ва Уқёнуси Ором» 

БАРДОШТ АЗ ПАЁМ: Соли 2025-ум барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст

Дастовардҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ назаррасанд

Search