Оид ба “Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” ва раванди амалисозии ҳуқуқҳои иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ форуми байналмилалӣдоиргашт

Имрӯз, 3 декабри  соли 2024  дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба “Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва раванди амалисозии ҳуқуқҳои иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” форуми байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар кори он Зулфия Давлатзода, сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,  Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Оқилзода, намояндагони вазорату идора, кумита ва дигар сохторҳои давлатии кишвар, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат, роҳбарони муассисаҳои соҳавӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва  шарикон оид ба рушд иштирок намуданд. Чорабинии мазкур ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи байналмилалии маъюбон ва ҳафтаи ҳуқуқи инсон роҳандозӣ  гардид.

Дар оғози чорабинӣ намоиши дастовардҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла маҳсулоти протезию ортопедӣ, намунаҳои воситаҳои техникии тавонбахшӣ ва ҳунарҳои дастии истифодабарандони хизматҳои иҷтимоӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.

Дар форум қайд гардид, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди устувори ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамчун яке аз омилҳои калидии баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, таъмини суботи иҷтимоӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоии кишвар тамоми тадбирҳои заруриро меандешад. Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри  соли 2022, №577 “Дар бораи Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои давраи то соли 2040” тасдиқ шудааст. Стратегияи мазкур  бо дарназардошти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, таҷрибаи аз амалисозии барномаҳои қаблӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ андухташуда, таҳлили умумии вазъи кунунии соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқ ба муносибати нави ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои амалишавии Ҳадафҳои Рушди Устувор таҳия гардида, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар 15 соли оянда муайян менамояд. Таҳия ва қабул гардидани ҳуҷҷати стратегии мазкур дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҷассумгари фаъолияти созандаву инсондӯстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла таъмини кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор рафта, тавре ки дар адабиёти илмӣ қайд гардидааст, низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар мафҳуми васеаш ҳамчун маҷмуи чорабиниҳои иҷтимоию иқтисодии давлатӣ фаҳмида мешавад, ки ба бунёд намудани шароити арзандаи зиндагӣ, дастгирии таъминоти ҳаётӣ ва таъмини ҳуқуқҳои иҷтимоии шаҳрвандон дар тамоми марҳилаҳои зиндагӣ, аз ҷумла дастгирии иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа равона карда шудаанд.

Амалишавии ҳадафҳо ва вазифаҳое, ки дар назди низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Тоҷикистон дар маҷмуъ вогузор шудаанд, асосан тавассути таҳия ва амалисозии тадбирҳо ва барномаҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва танзими муносибатҳои меҳнатӣ, расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, хизматрасониҳои гуногуни ҷанбаи иҷтимоидошта, таъмини кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ, татбиқи суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақа ва ғайраҳо иборат мебошад. Татбиқшавии ҳадафҳои мазкур имрӯз на танҳо ба ваколатҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мансуб мебошанд, балки иҷрои саривақтӣ ва бо самари онҳо ба дигар вазорату идораҳои давлатӣ, аз ҷумла Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати маориф ва илм, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низ мансуб буда, ба ҳамкории байниидоравӣ зич алоқаманд мебошад.

Самтҳои асосӣ ва нишондиҳандаҳои стратегияи номбурда вобаста ба се давраи зиндагӣ (ҳомиладорӣ, кӯдакию наврасӣ, синну соли қобили меҳнат ва давраи пиронсолӣ) тибқи арзёбии хавфҳо (сиёсӣ, иқтисодӣ, молиявӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ) муайян гардидаанд. Амалишавии ин стратегия тавассути таҳия ва қабул гардидани нақшаи амал таъмин мегардад. Чунончи, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2024, №525 Нақшаи амали стратегияи мазкур барои солҳои 2024-2026 тасдиқ карда шудааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ як қатор санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдошта ва таъминоти иҷтимоии онҳоро этироф намуда, ба чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла қайд намудани Рӯзи байналхалқии маъюбон-3 декабр арҷгузорӣ менамояд. Чунончи, аз соли 1993 инҷониб ин рӯз дар кишвари азизи мо ба таври шоиста бо ҷалби ҳамаи ниҳодҳои дахлдори давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамасола қайд карда мешавад.

Тавре ки маълум аст, 3 декабри соли 1992 баъди анҷоми Даҳаи маъюбон Ассамблеяи генералии СММ тибқи Резолютсияи №47/3 ин рӯзро ҳамчун Рӯзи байналмилалии маъюбон эълон намудааст. Мақсад аз эълон доштани ин рӯз ва ба таври анъанавӣ қайд кардани он – ин пеш аз ҳама ҷалб намудани таваҷҷӯҳи ҷомеаи васеъ ва ташкилоту идораҳо ба масъалаҳои маъюбӣ буда, барои таъмини кафолатҳои иҷтимоии маъюбон ва шароити арзандаи зиндагӣ мусоидат хоҳад кард.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои Барномаи рушди тандурустӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Рушди хизматрасонии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон

То баргузории форуми сатҳи баланд чанд рӯзи дигар боқӣ монд

“Назорати эпидемиологии бемориҳои сироятӣ ва ҳолатҳои фавқулодда”

Дар вилояти Хатлон оид ба модаршавии бехавф семинар-машварати омӯзишӣ гузаронида шуд

Search