Вохурӣ бо Директори генералии ТУТ Тедрос Адханом Гебрейесус ва иштирок дар ҷаласаи сатҳи баланд

Муовини Сарвазири  Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии федеративии Олмон бо Директори генералии ТУТ Тедрос Адханом Гебрейесус вохурӣ намуд. Дар вохурии мазкур вазири тандурустӣ ва  ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода низ иштирок дошт.

Қайд гардид, ки Саммити умумиҷаҳонии тандурустӣ, ки ба як платформаи беназири байналмилалӣ оид ба масъалаҳои глобалии тандурустӣ табдил ёфта, намояндагони ҳукуматҳо, созмонҳои бисёрҷониба, институтҳои рушди молиявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро барои таҳияи рӯзномаи барномаи навбатӣ сарҷамъ намудааст, фурсати муносиб барои рушди ҳамкориҳои кишварҳо дар соҳаи тандурустӣ ба шумор  меравад.

Муовини Сарвазири кишвар Дилрабо Мансурӣ ҳамзамон иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари кишварҳои узви Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳам дар саросари ҷаҳон ва ҳам дар доираи минтақаи аврупоӣ барои татбиқи сенздаҳумин Барномаи умумии кор барои солҳои 2019-2023 саъй карда, дар бахши тандурустӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 ва ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор саҳм мегузорад.

Дар ин росто, зикр карда шуд, ки беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ, мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, таҳкими низоми кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, таҳияи барномаҳои ҳифзи саломатии модару кӯдак, инчунин рақамикунонӣ афзалиятҳои соҳаи тандурустии Тоҷикистон мебошанд.

Тавре гуфта шуд, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як кишвар дар минтақаи аврупоии ТУТ намунаи муборизаи бомуваффақият бо пандемияи коронавирус ва аҳамияти ҳамкорӣ бо шарикони рушдро нишон дод.

Дар идомаи вохурӣ дастгирии сармоягузорӣ дар татбиқи Барномаи нави чордаҳуми умумии кори ТУТ барои солҳои 2025-2028 муҳим арзёбӣ гашт.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини  Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ дар ҷаласаи сатҳи баланд оид ба муаррифии даври сармоягузории ТУТ, ки дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии федеративии Олмон баргузор гашт, иштирок намуданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба татбиқи “Стратегияи пешгирӣ, назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040”

Дар Хуҷанд Маркази нави ташхисию табобатии “Насли солим” ифтитоҳ гардид

Оид ба “Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” ва раванди амалисозии ҳуқуқҳои иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ форуми байналмилалӣдоиргашт

Ҷаласаи корӣ оид ба тақсимоти микронутриентҳо ва витаминҳо дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ”  

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара Маркази ташхис ва табобатиро ба истифода доданд

Вохурии Ғафур Муҳсинзода бо президенти Федератсияи умумиҷаҳонии гемофилҳо Сезар Горридо

Search