Вохурӣ бо Миссияи Бонки Ҷаҳонӣ

17-уми декабри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода ва муовини вазир Зулфия Абдусаматзода бо Миссияи Бонки ҷаҳонӣ оид ба татбиқи “Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон” баргузор гашт.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода нахуст меҳмононро ба вазорат хайрамақдам гуфта, аз ҳамкориҳои судманди вазорат бо бонки мазкур дар соҳаи тандурустӣ ёдовар шуд.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати маориф ва илми кишвар гурӯҳи техникии корӣ оид ба татбиқи лоиҳаи мазкур созмон дода шуд, ки он ду гурӯҳ мутахассисонро барои рушди мониторинги афзоиши кӯдакон ва нигоҳубини тотаваллудӣ ва мутахассисони таҳсилоти томактабиро дарбар мегирад.

Тавассути фаъолияти пурсамари мушовирони байналмилалӣ ва маҳаллӣ, аъзоёни гурӯҳи техникии кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ як қатор дастуру протоколҳо нистаби назорати антенаталии занон ва нигоҳубини кӯдакони то 6 сола таҳия гардида, барои чоп омода кардаанд.

Инчунин, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 феврали соли 2022, №53) Шӯрои миллӣ оид ба инкишофи барвақтии кӯдакон таъсис шуда, низомномаи Шӯро ва ҳайати он тасдиқ гардид. Дар моҳи июни соли 2022 ҷаласаи нахустини Шӯрои миллӣ оид ба рушди барвақтии кӯдакон гузаронида шуд.

Ҷаласаи дуюми Шӯрои миллӣ оид ба инкишофи барвақтии кӯдакон рӯзи 24 феврали соли 2023 бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар рафти он ҳисоботи лоиҳа дар соли 2022 шунида шуд. Ҳамзамон, дар рафти ҷаласаи Шӯро Бастаи асосии хизматрасониҳо, ки дар доираи татбиқи лоиҳа таҳия гардидааст, баррасӣ карда шуда, муҳокима гардид.

Дар идомаи вохурӣ ҷонибҳо доир ба дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Миссияи Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати натиҷагирӣ аз Лоиҳаи “Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон” аз 16-уми декабр оғоз ёфта, то 20-уми декабри соли равон идома меёбад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз роҳҳои расидан ба ҷомеаи шаҳрвандист

Иштироки намояндаи вазорат дар маҷлиси солонаи Бюрои минтақавии аврупоии ТУТ оид ба омодагӣ ба пандемияи зуком

Баргузории ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба ғизои мактабӣ

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ

Муаррифии лоиҳаи “Дастгирии чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ оид ба таъминоти микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ дар муассисаҳои тиббӣ”

Search