Аз саҳифаҳои таърих аён аст, ки тоҷикон аз аз қадимулайём бо ҳамсоягони хеш муносибати дустонаву бародарона дошта, дар асоси эҳтиром ба арзишҳои бузурги инсонӣ умр ба сар бурдаанд.
Аз ин ҷост, ки дар байни миллати соҳибхиради тоҷик доир ба ойини ҳамсоядорӣ сухану зармулмасалҳои пурҳикмати зиёде мавҷуданд, ки бори дигар аз эҳтироми хосаи ин мардуми соҳибтамаддун нисбат ба ҳамсояву ҳамсоядорӣ дарак медиҳанд. Аз ҷумла чунин суханҳое ба маънои “аз хеши дур ҳамсояи наздик беҳтар аст”, “хона нахар, ҳамсоя бихар”, дар байни мардуми мо хеле маъмуланд.
Дар баробари ин, дар ашъори шоирону нависандагони мо низ доир ба эҳтироми ва риояи ойини ҳамсояву ҳамсоядорӣ низ абёти назмиву насрӣ ҳам фаровон эҷод шудаанд.
Тоҷикон ва қирғизҳо аз замонҳои қадим дар ҳамсоягӣ ва бо риояи ойинҳои неки ҳамсоядорӣ зиндагӣ карда, ҳамчун дусту бародар бо ҳам муносибати хуби инсонӣ доштанд.
13-уми марти соли равон дар ҳаёти сиёсии мардумони дусту бародари Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳодисаи муҳиму фараҳбахш ва таърихӣ-пас аз панҷ соли қатъ гардидани муносибатҳо дигарбора равуои дуҷониба ба тариқи ҳам заминӣ ва ҳам ҳавоӣ расман оғоз гардид.
Руйдоди муҳиму фараҳбахш барои мардумони ҳарду кишвар аз санаи 12 марти соли ҷорӣ зимни сафари давлатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари Қирғизистон оғоз ёфт.
Шоистаи зикр аст, ки сафари давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби роҳбарияти олии ин кишвар дар сатҳи олӣ истиқбол гардид.
Фурудгоҳ қабои идона ба бар дошт ва парафшонии парчамҳои ду давлати дусту бародар нишона ва гувоҳ аз рамзи сулҳу оромӣ ва равобити ҳамкориҳои дустонаву бародаронаи ин ду давлат ба шумор мерафт.
Дар як муддати кутоҳ сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қирғизистон тариқи ВАО, аз ҷумла телевизиону радио, сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври густурда инъикос ёфта, собитгари он буд, ки дар воқеъ мардумони ду кишвар муштоқи боз шудани гузаргоҳҳо ва дигарбора барқарор намудани муносибатҳои дуҷониба ҳастанд.
Тавре аён гардид, зимни истиқболи Сарвари давлати мо дар фурудгоҳи кишвари Қирғизистон саҳнаҳои театркунонидашудаи ҷолибу тамошобоб иборат аз расму ойинҳои миллии ин кишвар ташкил гардида буданд, ки хеле мароқангез буданд.
Яъне, метавон гуфт, ки кишвари дусту бародари Қирғизистон барои дар сатҳи баланд истиқбол намудани меҳмони олиқадр-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагии ҳамаҷониба дида буданд.
Тавре дар боло зикр намудем, руйдоди муҳими таърихӣ барои ҳарду кишвар имрӯз, 13 март дар фазои идона ва дустиву бародарӣ сурат гирифт.
Бо имзои санади муҳими таърихӣ роҳбарони ҳарду давлат нахуст ба кушодани гузаргоҳе дар вилояти Суғд ба таври маҷози ҳусни оғоз бахшида, маросими боз гардидани он ва равуои сокинони ду давлати дусту бародарро бевосита мушоҳида намуданд.
Албатта, ин лаҳзаву сонияро кулли сокинони ҳарду кишвари дусту бародар солҳо боз интизор буданд ва метавон гуфт, ки бо ин ҳодисаи таърихӣ орзуву ормони миллионҳо сокинони ду мамлакат ҷомаи амал пушид.
Пас аз боз гаштани гузаргоҳ сокинони ду кишвар ба ҳам оғуши дустиву бародарӣ кушоданд ва ҳамдигарро ба оғуш гирифта, бо ин руйдоди муҳим шодбош гуфтанд.
Ин лаҳзаҳои таърихиро сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров ба тариқи маҷозӣ назорат мекарданд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе мечархад, ки дида мешавад, ҳатто занҳо аз боз шудани гузаргоҳҳо чӣ қадар шод ҳастанд ва ҳатто гиря мекунанд.
Тавре маълум гардид, тибқи тавофуқҳои ҳосилшуда марҳила ба марлиҳа тамоми гузаргоҳҳои ду кишвар боз гашта, ҳамзамон шуруъ аз 14-уми марти соли 2025 парвозҳои ҳавоӣ низ миёни ҳарду кишвар низ ба роҳ монда хоҳанд шуд.
Бидуни шак, боз гаштани гузаргоҳҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон ва ба роҳ мондани муносибатҳои дустонаву бародаронаи ин ду давлат маҳз самараи сиёсати дурандешона ва созандаи роҳбарони сатҳи олии ҳарду кишвар ба шумор мераванд.
Ҳамзамон дар доираи сафари давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари дусту бародари Қирғизистон миёни ду кишвар дар маҷмуъ 16 санадҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳаётан муҳим ба имзо расиданд.
Дар ин замина, аз ҷониби роҳбарони ҳарду давлат ба роҳбарияти вазорату идора ва дигар сохторҳои давлатӣ супориш дода шуд, ки дар ояндаҳои наздик бояд ҳаҷми гардиши тиҷоратӣ байни ду кишвар дар ояндаҳои наздик бояд ба 500 миллион доллар расонида шавад.
Метавон гуфт, ки баъди ба имзо расидани созишномаҳо ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар соҳаҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла иқтисоду саноат, роҳу нақлиёт, энергетика, гумруг ва ғайра ба рушду тавзеаи муносибатҳои дустонаву бародаронаи ҳарду давлат ба марҳали сифатан нав ворид шуда, дар ояндаҳои наздик аллакай самараҳои хешро хоҳанд овард.
Дар ҳоле, ки ҷомеаи ҷаҳониро хатару таҳдидҳои гуногун фаро гирифтааст ва ҳатто як гуруҳ афроди бадхоҳ низ бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ба муносибатҳои дустонаи кишварҳо халал ворид созанд, ба роҳ мондани ҳамкориҳои созанда ва дустонаву бародарона миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон амри зарурист.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки пас боз шудани гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва дар ин замина ба роҳ мондани муносибатҳои неки дуҷониба ба рушду пешрафти ҳамкориҳои ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшанд.