Шиносоӣ бо фаъолияти муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, тақдими туҳфаҳо ва оростани дастархонаи идона ба маъюбону пиронсолон

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз як қатор муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, аз ҷумла Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолону маъюбони шаҳри Хуҷанд ва Хона – интернат барои маъюбони дорои бемориҳои рӯҳӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дидан ба амал овард.

Зимни боздид ва шиносоӣ аз рафти хизматрасонии феълии иҷтимоӣ дар муассисаҳои болозикр Ҷамолиддин Абдуллозода бошандагонро ба ҷашни фархундаи Наврӯзи хуҷастапай табрик намуда, инчунин иброз дошт, ки вазъи доимии зиндагонии нафарони имконияташон маҳдуд ҳамеша зери таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва назари хайрхоҳонаи Пешвои миллат намегузорад, ки табақаҳои имконияташон маҳдуд ва дар умум маъюбону эҳтиёҷмандон ба мушкилӣ мувоҷеҳ шаванд.

Дар идома вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз шароити хизматрасонии иҷтимоии муассисаҳои номбурда дидан намуда, ҷиҳати боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии иҷтимоӣ ба роҳбарияти онҳо дустур ва супоришҳои мушаххас дод.

Баъдан, дар пайравӣ аз сиёсати инсондӯстонаву иқдомоти хайрхоҳонаи роҳбарияти олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иду ҷашнҳо аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 51 нафар кӯдакони Хона-интернат барои маъюбони дорои бемориҳои рӯҳии ноҳияи Ҷаббор Расулов тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Дар баробари ин, аз ҷониби вазорат барои истифодабарандагони марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолону маъюбони шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Деваштич дастархони идона ороста шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

ДАСТОВАРДИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Ба зиёда аз 100 нафар гирифтори бемории фарбеҳӣ ва оқибатҳои он амалиётҳои ҷарроҳии бариатрикӣ бомуваффақият гузаронида шуд

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Тоҷикистон

Рақамикунонии соҳа-талаби замон. Дар кишвар системаи иттилоотии бақайдгирии натиҷаҳои скрининги гарданаки бачадон ҷорӣ мешавад

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино боздид намуда, бо унвони “Профессори фахрӣ”-и донишгоҳи мазкур сарфароз гардиданд

Назорати раванди фаъолияти касбии кормандони миёнаи тиббӣ ва тақвиятбахшии масъалаҳои этика ва деонтолгияи тиббӣ

Search