Вобаста ба назорати эпидемиологӣ ва озмоишгоҳӣ барои мутахассисони Озмоишгоҳи миллии референсӣ даври омӯзишӣ гузаронида шуд

Бо мақсади пурзӯр намудани назорати эпидемиологӣ ва озмоишгоҳӣ дар кишвар тавассути баланд бардоштани тахассуси мутахассисон, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири молекулавӣ ва баланд бардоштани иқтидори Маркази миллии зукоми Озмоишгоҳи миллии референсӣ аз ҷониби Дафтари Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба кишварҳои Аврупо ва дар якҷоягӣ бо Дафтари Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон барои мутахассисони Озмоишгоҳи миллии референсӣ даври омӯзишӣ гузаронида шуд.

Чорабинии мазкур аз 12 то 23-юми майи соли 2025 дар доираи татбиқи Чаҳорчӯбаи омодагӣ ба пандемияи зуком баргузор гардида, дар он тренерони байналмилалӣ Андрей Комиссаров ва Артем Фадеев, коршиносони ТУТ ва намояндагони Институти тадқиқотии зукоми ба номи А.А. Смородинтсеваи Федератсияи Россия барои иштирокчиён дарс гуфтанд.

Маросими ҷамъбасти даври омӯзишӣ 23-юми майи соли равон дар Озмоишгоҳи миллии референсӣ бо иштироки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода, роҳбари Намояндагии ТУТ дар Тоҷикистон Виктор Олшавский, директори Озмоишгоҳи миллии референсӣ Баҳодур Холназар ва мутахассисони озмоишгоҳи мазкур баргузор гашт.

Абдухолиқ Амирзода аз номи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ барои дастгирии ҳамаҷонибаи соҳа изҳори миннатдорӣ баён карда, ташкил ва баргузор намудани даври омӯзишии мазкурро қадами устувори дигар дар самти рушди соҳаи озмоишгоҳӣ дар кишвар арзёбӣ кард.

Тавре зикр гардид, иштирокчиёни даври омӯзишӣ дониш ва малакаҳои муҳимро дар соҳаи пайдарпайии геномӣ ба даст оварданд, ки иқтидори кишварро барои ташхис ва мониторинги вирусҳои роҳҳои нафас, аз ҷумла зукоми SARS-CoV-2 ба таври назаррас баланд мебардорад.

Ҳамин тавр, ба иштирокчиёни даври омӯзишӣ Сертификат тақдим карда шуд.

Дар чаҳорчӯби ин омӯзиш ҳамзамон аз ҷониби ТУТ ба Маркази миллии зукоми Озмоишгоҳи миллии референсӣ таҷҳизоти секвенсионӣ тақдим карда шуд, ки ин иқдом дар рушди устувори инфрасохтори лабораторӣ дар Тоҷикистон саҳм хоҳад гузошт.

Маврид ба ёдоварист, ки соли 2023 Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун Маркази миллии мубориза бар зидди зуком дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои Барномаи рушди тандурустӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Рушди хизматрасонии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати Комиссия оид ба тандурустии Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин

Ҷорӣ намудани ҷарроҳии кошти ҳалзун барои беморони камшунаво ва ношунавои мутлақ

Ифтитоҳи бинои шуъбаи сироятӣ дар ноҳияи Қубодиён

Search