Дар Душанбе Форуми дуюми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои маъюбӣ оғоз гашт

Имрӯз, 14-уми августи соли равон дар меҳмонхонаи “Hyatt Regency”-и шаҳри Душанбе Форуми дуюми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои маъюбӣ кори худро оғоз намуд, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, шарикон оид ба рушд, коршиносони байналмилалӣ аз кишварҳои Туркманистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, ташкилотҳои маъюбон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат варзиданд.

Форуми мазкурро вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки шахсони дорои маъюбият дар меҳвари сиёсати иҷтимоии кишвар қарор доранд ва мо тамоми иқтидорро барои фароҳам овардани муҳити дастрас, имкониятҳои баробар ва зиндагии арзанда барои онҳо сафарбар мекунем.

Номбурда зикр кард, ки ба ҳолати 1 июни соли 2025 дар ҷумҳурӣ 170 669 нафар шахси дорои маъюбият ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 35 229 нафар кӯдакон мебошанд. Ҳиссаи маъюбон дар кишвар 1,6% аҳолӣ-ро ташкил медиҳад, ки яке аз нишондодҳои пасттарин дар минтақа аст. Ҳамасола беш аз 12 ҳазор нафар маъюбон бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ таъмин мегарданд ва ҳазорҳо нафар аз имтиёзҳои табобатӣ ва истироҳатӣ истифода мебаранд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ зимни суханронии хеш аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи роҳбарияти олии Ҳукумати кишвар нисбат ба табақаҳои осебпазири аҳолӣ, махсусан маъюбон ёдовар шуда, иброз дошт, ки ин қишри ҷомеа таҳти ғамхории бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Гуфта шуд, ки форум идомаи мантиқии чорабинии соли 2019 буда, ҳадафи он-тақвияти ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ, баррасии таҷрибаи татбиқи Конвенсияи СММ “Дар бораи ҳуқуқи маъюбон”, муайян намудани мушкилоти мавҷуда ва таҳияи тавсияҳо барои ҳалли онҳо мебошад.

Бояд гуфт, ки рӯзномаи форум фарогири ҷаласаҳои пленарӣ, муаррифии таҷрибаи миллӣ оид ба татбиқи Конвенсияи СММ “Дар бораи ҳуқуқи маъюбон”, музокирот, кори гурӯҳҳои корӣ ва қабули қатънома мебошад. Дар ҷаласаҳо масъалаҳои рушди низоми ҳифзи иҷтимоӣ, офиятбахшӣ, таъмини муҳити дастрас ва фарогир, инчунин омодагӣ ба Саммити дуюми ҷаҳонӣ оид ба рушди иҷтимоӣ баррасӣ гаштанд.

Амиршозода Шералӣ, сардори Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ, нақши калидии ин сохторро чунин тавзеҳ дод: “экспертизаи тиббию иҷтимоӣ имкон медиҳад, ки эҳтиёҷоти ҳар як шахси дорои маъюбият муайян карда шавад-аз таъминот бо воситаҳои техникӣ то фароҳам овардани шароити баробар барои таҳсил ва кор. Ин на танҳо арзёбӣ, балки қадами аввал ба сӯи зиндагии мустақилона аст.”

Ӯ инчунин афзуд, ки дар ҷумҳурӣ Махзани ягонаи иттилоотӣ оид ба маъюбон фаъол аст, ки маълумоти муфассалро барои банақшагирии сиёсати давлатӣ фароҳам меорад.

Сафарзода Абдулло, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар бораи фаъолияти шабакаи васеи муассисаҳои иҷтимоӣ иброз дошт, ки танҳо дар нимсолаи аввали соли 2025 ба зиёда аз 827 ҳазор нафар хизматҳои иҷтимоӣ расонида шудаанд.

Дар рафти чорабинӣ як қатор ширикони рушд низ суханронӣ карда, аз саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ёдовар шуда, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Форуми мазкур, ки то пагоҳ, 15-уми август идома хоҳад кард, ба масъалаҳои омодагӣ ба Саммити дуюми ҷаҳонӣ оид ба рушди иҷтимоӣ низ бахшида шудааст. Дар ҷараёни он иштирокчиён таҷрибаи татбиқи Конвенсияи СММ “Дар бораи ҳуқуқи маъюбон”-ро дар кишварҳои худ муаррифӣ намуда, тавсияҳо ва пешниҳодҳоро барои такмили сиёсати давлатӣ ва ҳамкории минтақавӣ таҳия мекунанд.

Дар поёни чорабинӣ санаи 15-уми августи соли 2025 иштирокчиён Қатънома (Резолютсия) қабул хоҳанд кард, ки он ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамо барои густариши ҳамкориҳо, фароҳам овардани муҳити дастрас ва имкониятҳои баробар барои шахсони дорои маъюбият хизмат мекунад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Нахустин ҷаласаи гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ оид ба натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” барои соли 2024

Истаравшан: ба истифода додани Маркази саломатии деҳаи Варсиқ

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии кӯмакҳои беруна дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар баргузор гашт

Вохурӣ бо табибони ҷавон, ки зинаи ординатураи клиникиро дар хориҷи кишвар хатм кардаанд

ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Дар амал ҷорӣ намудани боз як усули нави ҷарроҳӣ дар самти бемориҳои рагҳои мағзи сар

Фаъолияти анҷомдодаи  лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” (P178878)  дар соли 2024

Search