Дар асоси озмун ба раёсату шуъбаҳо ва бахшҳои дастгоҳи марказии вазорат довталабҳо аз рўи мансабҳои зерин ба кор қабул карда мешаванд:
1. Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илм:
– сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илм (1 ҷой), маош 5835,75 сомонӣ. Талабот барои довталабон маълумоти олии тиббӣ. 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 6 сол собиқаи хизмати давлатӣ.
2.Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии фаврии тиббӣ:
– мутахассиси пешбари шуъбаи ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии фаврии тиббии Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии фаврии тиббӣ (1 ҷой), маош 2376,90 сомонӣ. Талабот барои довталабон маълумоти олии тиббӣ. 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ.
3.Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ:
– сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (1 ҷой), маош 5835,75 сомонӣ. Талабот барои довталабон маълумоти олии тиббӣ. 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 6 сол собиқаи хизмати давлатӣ.
– сармутахассиси шуъбаи таҳлили сиёсати ҳифзи иҷтимоӣ ва таъмини кафолатҳои иҷтимоии Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (2 ҷой), маош 3071,90 сомонӣ. Талабот барои довталабон маълумоти олии тиббӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ, 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ.
– мутахассиси пешбари шуъбаи таҳлили сиёсати ҳифзи иҷтимоӣ ва таъмини кафолатҳои иҷтимоии Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (1 ҷой), маош 2376,90 сомонӣ. Талабот барои довталабон маълумоти олии тиббӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ, 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ.
– мутахассиси пешбари бахши хизматрасонии иҷтимоӣ ва кор бо иттиҳодияҳои ҷаъиятии Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (1 ҷой), маош 2376,90 сомонӣ. Талабот барои довталабон маълумоти олии тиббӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ, 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ.
– мутахассиси бахши хизматрасонии иҷтимоӣ ва кор бо иттиҳодияҳои ҷаъиятии Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (1 ҷой), маош 1959,90 сомонӣ. Талабот барои довталабон маълумоти олии тиббӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ.
4.Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ва технологияҳои муосир:
– сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ва технологияҳои муосир (1 ҷой), маош 5835,75 сомонӣ. Талабот барои довталабон маълумоти олии тиббӣ. 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 6 сол собиқаи хизмати давлатӣ.
5.Раёсати фарматсия ва молҳои тиббӣ:
– мутахассиси пешбари бахши хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии Раёсати фарматсия ва молҳои тиббӣ(1 ҷой), маош 2376,90 сомонӣ. Талабот барои довталабон маълумоти олии тиббӣ ё фарматсевтӣ, иқтисодӣ. 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ.
6.Раёсати ислоҳот, кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалӣ:
– сардори Раёсати ислоҳот, кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалӣ (1 ҷой), маош 5835,75 сомонӣ. Талабот барои довталабон маълумоти олии тиббӣ. 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 6 сол собиқаи хизмати давлатӣ.
– сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалии Раёсати ислоҳот, кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалӣ (1 ҷой), маош 3071,90 сомонӣ. Талабот барои довталабон маълумоти олии тиббӣ. 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ.
– мутахассиси шуъбаи ислоҳот, кумаки аввалияи тиббию санитарии Раёсати ислоҳот, кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалӣ (1 ҷой), маош 1959,90 сомонӣ. Талабот барои довталабон маълумоти олии тиббӣ.
7. Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оила:
– сармутахассиси шуъбаи ҳифзи саломатии кӯдакон ва наврасони Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оила (1 ҷой), маош 3071,90 сомонӣ. Талабот барои довталабон маълумоти олии тиббӣ. 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ.
– мутахассиси пешбари бахши модаршавии бехавф ва танзими оилаи Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оила (1 ҷой), маош 2376,90 сомонӣ. Талабот барои довталабон маълумоти олии тиббӣ. 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ.
– мутахассиси бахши модаршавии бехавф ва танзими оилаи Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оила (1 ҷой), маош 1959,90 сомонӣ. Талабот барои довталабон маълумоти олии тиббӣ.
8.Шуъбаи ҳуқуқ:
- мутахассиси пешбари Шуъбаи ҳуқуқ (1 ҷой), маош 2376,90 сомонӣ. Талабот барои довталабон маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ. 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ.
9.Шуъбаи назорат коргузорӣ ва корҳои махсус:
– мутахассиси Шуъбаи назорат коргузорӣ ва корҳои махсус (1 ҷой), маош 1959,90 сомонӣ. Талабот барои довталабон маълумоти олии тиббӣ, иҷтимоӣ, гуманитарӣ ва омузгорӣ.
10.Шуъбаи аудити дохилӣ:
– сардори шуъбаи аудити дохилӣ (1 ҷой), маош 4128,95 сомонӣ. Талабот барои довталабон маълумоти олии аудити, бухгалтерӣ, иқтисодӣ. 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ.
11. Бахши котибот:
– ёрдамчии вазир (1 ҷой), маош 3564,20 сомонӣ. Талабот барои довталабон маълумоти олии тиббӣ, омӯзгорӣ, гуманитарӣ. 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоед:
– ариза ба унвони роҳбари мақомот;
– варақаи шахсии (анкетаи) баҳисобгирии кадрӣ;
– тарҷумаи ҳол;
– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);
– 2 дона расми 4х6;
– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (бағайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнати надорад);
– нусхаи шиноснома;
– маълумотнома аз мақомоти андоз (оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи молу мулкӣ);
– нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
– шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (СИН);
– маълумотнома аз ҷои истиқомат ва оиладорӣ;
– маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
– хислатнома аз ҷои кори пештара (фаъолият карда бошед);
– маълумотнома оиди доғи судӣ надоштан.
Суроғаи мо: Индекс 734025 ш. Душанбе, кўчаи Шевченко 69,
Тел: 221-19-59.
Мўҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз лаҳзаи нашри эълон.