Бо истифода аз фурсати муносиб кулли кормандони низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишварро ба Рӯзи касбии кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 25 январ қайд карда мешавад, табрику шодбош гуфта, ба ҳар кадоми онҳо тани сиҳату умри бобаракат ва дар корҳояшон муваффақиятҳо орзумандам.
Сараввал изҳор менамоям, ки масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бахусус дастгирии иҷтимоии ниёзмандон, маъюбон, кӯдакони ятиму бесаробонмонда, собиқадорони ҷангу меҳнат ва оилаҳои камбизоат, инчунин дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ дар мадди назари Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, Ҷаноби Олӣ дар суханрониҳо ва баромаду маърӯзаҳояшон дар ин мавзӯъ махсусан таъкид менамоянд, ки ин гурӯҳҳои шаҳрвандон таҳти ғамхории доимии давлату Ҳукумат қарор доранд.
Тавре санаи 16-уми декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” иброз доштанд, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, хусусан, гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа самти афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат мебошад.
Вобаста ба масъалаи мазкур Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш доданд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҷиҳати таъмин намудани самаранокии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва барномаҳои давлатӣ дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намояд.
Илова бар ин, қайд карда шуд, ки аз ҷониби роҳбарони тамоми сохторҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ҳаллу фасли масъалаҳои ба танзим даровардани муносибатҳои меҳнатӣ, таъминоти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ, фаро гирифтан ба шуғли пурмаҳсул ва дигар кафолатҳои давлатии иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа бояд эътибори аввалиндараҷа дода шавад.
Дар навбати худ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаллу фасли масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ чораҳои зарурӣ андешида истодааст ва ин раванд минбаъд низ идома хоҳад ёфт.
Бояд гуфт, ки низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамчун қисми муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ифода ёфта, мақсад ва вазифаҳои он пеш аз ҳама ба баланд бардоштани некуаҳволии мардум ва таъмини шароити арзандаи зиндагии шаҳрвандон равона карда шудааст. Ноил шудан ба ин мақсадҳо суботи ҷамъият ва некуаҳволии мардуми кишварро муҳайё хоҳад кард.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи татбиқи ҳадафҳои стратегии худ ба хотири таъмини кафолатҳои иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа, рушди минбаъдаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашудаи саривақтию босамари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мунтазам беҳтар ва доираи хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба ниёзмандон васеъ гардида, теъдоди шаҳрвандони ба ин хизматрасониҳо фарогирифташуда ба маротиб афзуда истодааст, ки ин далели фаъолияти пурсамар ва меҳнати софдилонаи кормандони соҳавӣ ба шумор рафта, ҳамзамон боиси эътимоди рӯзафзуни ниёзмандон ба хизматрасонии иҷтимоии давлатӣ гардидааст.
Дар давоми даврони Истиқлолияти давлатӣ ва хусусан, дар соли сипаригардида дар ҷараёни татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон комёбиҳои назаррасе ба даст оварда шудаанд.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар пешрафти соҳа ва амалӣ гардидани мақсаду мароми вазорат саҳми шарикон оид ба рушд, созмонҳои байналхалқию ташкилотҳои ҷамъиятии ватанӣ низ хеле муҳим арзёбӣ мегардад.
Чӣ дар заминаи таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва чӣ дар самти анҷом додани корҳои амалии соҳавӣ, ба монанди расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, ташкили хизматҳои гуногуни иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон ташкилоту муассисаҳо ва кормандони низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба натиҷаҳои хуб ноил гардидаанд. Ҳамин дастоварду натиҷаҳои босамари фаъолияти кормандони соҳа ва дигар ашхосе ки дар рушду нумӯи соҳа саҳм гузоштаанд, ба эътибор гирифта, роҳбарияти вазорат имрӯз ба ҳамаи кормандони низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ изҳори миннатдорӣ менамояд.
Умедоврам, ки минбаъд низ ҳамаи мову Шумо дастуру супоришҳои Роҳбари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба ҳифзи саломатӣ ва таъминоти иҷтимоии онҳо беш аз пеш камари ҳиммат баста, тадбирҳои заруриро анҷом хоҳем дод.
Боварии комил дорам, ки кормандони соҳа баҳри иҷрои вазифаҳои дар пеш истодаи худ, иҷрои саривақтии қонунгузории соҳавӣ ва ташкили хизматрасонии иҷтимоӣ бо масъулияти баланд кору фаъолият намуда, баҳри бо сарбаландӣ ва дастовардҳои беназир таҷлил намудани 35-солагии Истиқлолияти ватани азизамон ҳама якҷоя кушиш ба харҷ медиҳем.
Умедворам, ки кормандони соҳа бо нерӯи қавӣ ва рӯҳи болида вазифҳои худро бошарафона иҷро намуда, сазовори боварии роҳбарияти давлат ва пеш аз ҳама гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ мегарданд.
Аз ин рӯ, баҳри расидан ба мақсадҳои наҷиб барор, саломатии комил ва хушиҳои зиндагиро таманно дорам.
Рӯзи касбии кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муборак!
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода


