Кормандони Корхонаи давлатии «Заводи протезию ортопедӣ»-и шаҳри Душанбе ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд.
Дар ин ҷашни бошукӯҳ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳуруии Тоҷикистон Ҳабибулло Хайруллозода, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулло Сафарзода, роҳбарият ва кормандони Корхонаи давлатии «Заводи протезию ортопедӣ»-и шаҳри Душанбе, ва зерсохторҳои он иштирок намуданд.

Бо хушнудӣ иброз гардид, ки маҳз натиҷаи сиёсати оқилонаву дурандешона ва фарҳангпарваронаи Сарвари хирадсолор ва фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар мамлакати зебоманзари мо чунин чорабиниҳои бошукӯҳ бо иштироки тамоми қишрҳои ҷомеа бо руҳияи баланди шодмонӣ таҷлил карда мешаванд.
Иброз гашт, ки маҳз самараи ваҳдату якдилӣ ва истиқлолу озодист, ки аз Наврӯз то Наврӯз дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мардуми шарафманди Тоҷикистони азизамон руйдодҳои муҳими фаромӯшнашаванда ба вуҷуд меоянд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Наврӯз то ба Наврӯз ба дастовардҳои муҳим ноил мегардад, ки ин гувоҳи сиёсати бобарор ва муваффақонаи Сарвари давлат мебошад.
Баъдан, барномаи ҷолиби консертӣ бо ширкати ҳунармандони шинохтаи кишвар пешниҳод ҳозирин гардонида шуда, ба чорабинӣ ҳусни дигар бахшид.


