Баррасии як қатор масъалаҳои муҳими соҳа

Имрӯз, 24-уми соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода вобаста ба таҳлилу баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи корӣ доир гашт, ки дар он муовини вазир Абдухолиқ Амирзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат ва роҳбарони муассисаҳои тиббию табобатии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи корӣ аз ҷумла масъалаҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, вусъат додани маъракаи ваксинатсия дар байни аҳолӣ  ва ҳамзамон ҳарчи бештар ба такмили ихтисос ва курсҳои бозомӯзӣ фаро гирифтани табибони ватанӣ дар кишварҳои хориҷӣ, ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат, пешгирии фавти модару кӯдак, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ дар муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, риояи одоби муошират бо беморон ва наздикону пайвандони онҳо, иҷрои саривақтии барномаҳои соҳавӣ ва дигар масъалаҳои соҳа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар анҷоми ҷаласаи корӣ аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ва дар ин замина боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ  ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

ДАСТОВАРДИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Ба зиёда аз 100 нафар гирифтори бемории фарбеҳӣ ва оқибатҳои он амалиётҳои ҷарроҳии бариатрикӣ бомуваффақият гузаронида шуд

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Тоҷикистон

Рақамикунонии соҳа-талаби замон. Дар кишвар системаи иттилоотии бақайдгирии натиҷаҳои скрининги гарданаки бачадон ҷорӣ мешавад

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино боздид намуда, бо унвони “Профессори фахрӣ”-и донишгоҳи мазкур сарфароз гардиданд

Назорати раванди фаъолияти касбии кормандони миёнаи тиббӣ ва тақвиятбахшии масъалаҳои этика ва деонтолгияи тиббӣ

Search