Омӯзиши раванди фаъолияти Комиссияи ҷумҳуриявии фавқулоддаи зиддиэпидемиявӣ

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳамоҳангсозии фаврии фаъолияти вазорату идораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии дахлдор ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳо оид ба пешгирӣ, маҳдудкунӣ (карантин) ва рафъи эпидемияҳо, бемориҳои сироятӣ ва заҳролудшавии одамон, таъмини мубодилаи саривақтии маълумотҳо тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 1 марти соли 2004, №87) дар ҷумҳурӣ Комиссияи ҷумҳуриявии фавқулоддаи зиддиэпидемиявӣ таъсис дода шуда, аз соли 2010 мутобиқи банди 3 қарори мазкур (тағйиру иловаҳо аз 03. 12. 2010, №648) чунин комиссияҳо бояд дар сатҳи вилоятҳо, шаҳр ва ноҳияҳо таъсис дода шуда, Низомнома ва ҳайати комиссияҳо аз ҷониби мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо тасдиқ карда  шаванд.

Масъалаи мазкур аз ҷониби Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва Муассисаи давлатии “Маркази вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ” дар 25 шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғд (Ашт, Бӯстон, Гулистон, Шаҳристон, Айнӣ ва Панҷакент), Хатлон, (Қубодиён, Кӯшониён, Хуросон, Ҷ. Балхӣ, Ёвон, Норак, Данғара, Муъминобод, Ҳамадонӣ, Темурмалик ва шаҳри Кулоб), ВМКБ (Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим ва Мурғоб) ва НТҶ (Тоқикобод) мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Дар раванди омӯзиш бо муовинони раисони 25 шаҳру ноҳияҳо вохуриҳо гузаронида шуда, оид ба мақсаду вазифаҳои Комиссияи фавқулоддаи зиддиэпидемиявӣ дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ва муайян намудани ҳайати комиссия, тартиби пешбурди фаъолияти комиссияҳо суҳбат гузаронида шуданд, ки натиҷаи самарабахш доданд. Баъди вохӯриҳо дар шаҳру ноҳия, қарорҳои раисони шаҳру ноҳия оид ба таъсиси Комиссияи фавқулоддаи зиддиэпидемикӣ ба тавсиб расида, ҳайати комиссияҳо тасдиқ гардиданд.

Бояд тазаккур дод, ки солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аксар манотиќҳои кишвар дар натиҷаи офатҳои табиии пайдарпай хароб гардидани системаи обу корез, инфрасохтори маҳаллаҳои аҳолинишин ва ифлос гардидани манбаҳои кушодаи обтаъминкунӣ зиёд ба мушоҳида мерасад, ки ин метавонад ба ногувор гардидани вазъи эпидемикии бемориҳои сироятӣ замина гузорад.

Бинобар ин, зарур шуморида шуд, ки бояд фаъолияти кории Комиссияи ҷумҳуриявии фавқулоддаи зиддиэпидемиявӣ дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат боз ҳам ҷоннок гардонида шавад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои Барномаи рушди тандурустӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Рушди хизматрасонии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати Комиссия оид ба тандурустии Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин

Ҷорӣ намудани ҷарроҳии кошти ҳалзун барои беморони камшунаво ва ношунавои мутлақ

Ифтитоҳи бинои шуъбаи сироятӣ дар ноҳияи Қубодиён

Search