Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шамсободи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Маркази саломатиро мавриди истифода қарор доданд

30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар деҳаи Шамсободи деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Маркази саломатиро мавриди истифода қарор доданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бунгоҳи тиббӣ дар як ҷойи ноободи деҳа бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва иштироки фаъоли сокинон бунёд карда шуд.

Баъди аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардидани иншооти соҳаи тандурустӣ дар ин ҷо 15 нафар соҳиби кори доимӣ гаштанд.

Маркази саломатӣ аз 7 ҳуҷра ва қабулгоҳ иборат буда, дар он шуъбаҳои таваллуд, хатна, табобати дандон, таҳлилгоҳ, сузангузаронӣ ва ҳуҷраи духтури тибби оилавӣ мавҷуд аст.

Тавре иттилоъ дода шуд, маркази саломатӣ дар масоҳати наздики 1 гектар бунёд гардида,ба 4500 нафар сокини деҳаи Шамсобод хизмати  муосири тиббӣ мерасонад.

Қаблан сокинони деҳа ба шаҳру ноҳияҳои дурдасти вилоят рафта, аз ташхис гузаштаву табобат мегирифтанд, акнун бо шарофати дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мушкилоти онҳо ҳалли худро пайдо кард.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо шароити хизматрасонӣ дар бунгоҳи саломатӣ табибонро ба хизматрасонии сатҳи баланд ба мардум ва муомилаву муносибати хуб ба беморон ҳидоят намуданд.

Ифтитоҳи Бунгоҳи саломатӣ дар деҳаи Шамсободи ноҳияи Бобоҷ… | Flickr

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Барои беморони саратони ғадуди зери меъда аввалин маротиба дар кишвар ба воситаи таҷҳизоти видеоэндоскопӣ ҷарроҳӣ гузаронида шуд

Ба истифода додани Корхонаи истеҳсоли сӯзандору ва система барои доруи қатрагии ҶДММ «Сино медикал» дар шаҳри Истаравшан

Ӯзбекистон: иштироки мутахассисони тоҷик дар даври омӯзишӣ дар самти такмили ихтисоси менеҷмент ва идоракунӣ дар соҳаи тандурустӣ

ХИЗМАТРАСОНӢ БА БОШАНДАГОН БЕҲТАР МЕГАРДАД. Дар Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор шуъбаи тавонбахшӣ ба истифода дода шуд

Баррасии чор масъала дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат

Тағироти кадрӣ дар Донишгоҳи тиббӣ

Search