Имрӯз, 16-уми январи соли равон дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино боздид ба амал оварданд.
Зимни боздид меҳмони воломақомро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Ба истиқболи меҳмони олиқадр Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино фазои идона ба бар карда, саҳни он бо парчамҳои ду кишвар оро дода шуд.
Маврид ба зикр аст, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино калонтарин муассисаи олимии таълимии кишвар дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи тиб ба шумор меравад.
Нахуст меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён аз Маркази симулятсонии донишгоҳи мазкур дидан намуда, сипас бо ҳайати поофессорону омӯзгорони ин муассисаи олии таълимӣ ва дигар кормандони соҳаи тандурустии кишвар вохурии самимӣ анҷом доданд.
Бо изҳори хушнудӣ гуфта шуд, ташрифи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён ба яке аз муассисаҳои олии омодасозии мутахассисони соҳаи тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба номи поягузори илми тибби ҷаҳон, фарзанди баруманди мардуми тоҷику форс Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино гузошта шудааст, боиси ифтихору сарфарозии кулли кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Таъкид гардид, ки имрӯзҳо ҳамкориҳои судманди ду кишвари дусту бародар дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сатҳи хуб қарор дошта, маҳз дар натиҷаи таваҷҷуҳи хосаи Роҳбарони сатҳи олии ҳарду давлат баҳри рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар ин самт тамоми шароит ва имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.
Махсусан, дар доираи сиёсати дарҳои боз байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯзҳо баҳри густариши ҳамкориҳои судманди ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шуда истодаанд.
Дар идомаи вохурӣ қарори Шурои олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино оид ба додани унвони “Профессори фахрӣ”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён қироат гардида, дипломи он аз ҷониби ректори донишгоҳ Маҳмадшоҳ Гулзода дар фазои тантанавӣ ба меҳмони олиқадр супорида шуд.
Пас аз боздид ва вохӯрии самимӣ бо роҳбарият ва устодону донишҷӯёни ин муассисаи олии таълимӣ меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён дар дафтари меҳмонони фахрии донишгоҳи мазкур соядаст гузоштанд.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар доираи ҳамкориҳои судманди ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ танҳо давоми ду соли охир 160 нафар мутахассисони риштаи тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳҳои бонуфуз ва муассисаҳои тиббию табобатии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз такмили ихтисос ва даврҳои бозомӯзишӣ гузашта, бо ҳамтоёни эронии худ табодули таҷриба намуданд, ки ин метавонад барои боз ҳам бештар ҷорӣ намудани навгониҳои ҷадид дар соҳаи тандурустии мамлакат мусоидат намояд.