Ҷаласаи ҷамъбастии лоиҳаи «Дастгирии расонидани ваксинаҳои зидди COVID-19  дар доираи Фонди дастрасии ваксина дар Осиё ва Уқёнуси Ором» 

10-уми декабри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҷамъбасти лоиҳаи «Дастгирии расонидани ваксинаҳои зидди COVID-19  дар доираи Фонди дастрасии ваксина дар Осиё ва Уқёнуси Ором»  (Гранти Бонки Осиёии Рушд   0791-ТАJ) ҷаласаи корӣ доир гашт, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед, шарикон оид ба рушд, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдор ва роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустӣ иштирок намуданд.

Зимни суханронии хеш муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед оид ба дастовардҳои лоиҳаи мазкур маълумот пешниҳод карда, аз номи роҳбарияти вазорат ба шарикон оид ба рушд ҷиҳати дастгирӣ ва татбиқи босамари лоиҳаи номбурда махсусан дар давраи пандемияи COVID-19 изҳори миннатдорӣ баён кард.

Тавре зикр гардид,  ҳадаф ва вазифаҳои лоиҳа-ин расонидани кумаки молиявӣ барои харид ва таъминоти логистикии ваксинаи зидди сирояти коронавирус (COVID-19), баланд бардоштани имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба барномаи APVAX, иммунизатсияи аҳолии афзалиятнок бар зидди COVID-19, мониторинги мунтазам ва омода намудани ҳисоботҳо оид ба татбиқи чорабиниҳои қаблан мувофиқа кардашуда,   омӯзиши мунтазами табибоне, ки дар маъракаи иммунизатсия иштирок менамоянд, паст намудани нишондоди беморшавӣ дар гурӯҳҳои осебпазир ва ғайра шумор рафта, он дар ҳамаи самтҳои муайянгардида бомуваффақият амалӣ карда шуд.

Дар идомаи ҷаласа як қатор иштирокчиён вобаста ба самтҳои гуногуни татбиқи лоиҳа ба ҳозирин маълумот пешниҳод карданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ

Муаррифии лоиҳаи “Дастгирии чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ оид ба таъминоти микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ дар муассисаҳои тиббӣ”

Иштирок дар 24-умин Форуми глобалии ғизои кӯдакон

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ

Тағироти кадрӣ дар Донишгоҳи тиббӣ

Search
爱思助手汽水音乐下载易歪歪汽水音乐telegramtelegram下载tg下载telegram